Гулобкашон аз гули атргул, садбарг як навъ нӯшокӣ омода мекунанд, ки тарзи омода намудани он чунин аст: баргҳои гули садбарги аз шохчаҳо ҷудакардашударо бо оби соф шуста, дар андаке об дар дег ва ё дегчаи сирдор меҷӯшонанд. Барои он ки таги дег нагирад (насӯзад), онро тагу рӯ мекунанд ё омезиш медиҳанд. Пасон баргро аз об ҷудо мекунанд ва он обро аз дока мегузаронанд.
Арзишмандтарин китоб, ки ин моҳ интишор шуд. Ёрмуҳаммади Сучонӣ, таърихнигор, фарҳангнавис ва донишноманависи маъруф натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро зери “Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)” бо дастгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз чоп баровард. Ин китоб донишномаест, ки дар бораи бештар аз 1600 нафар донишмандони кишвар маълумот медиҳад.
Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёрмуҳаммади Сучонӣ натиҷаи ҷустуҷӯи чандинсолаашро дар шакли китоби алоҳида ба хизмати хонандагон гузошт. Дар он зиёда аз 1600 нафар намояндагони илми тоҷик муаррифӣ шудаанд. Инҳо зодагону
Ин навбат маҳфили «Ҳамешабоҳор» бо иштироки муаллифи суруди миллӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бо номи “Баҳори устод Гулназар” дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати зумрае аз донишмандон, дӯстдорони шеър ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардид. Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи шашум Эмомалӣ Раҳмонов шуд.
Китоби Раҳимзода Рамазон Ҳамро номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия таҳти унвони «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» , ки ахиран ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст, аслан як китоби дарсӣ барои донишомӯзони риштаи ҷустуҷӯист. Ин китоб зери назари доктори илмҳои ҳуқуқ К.Ҳ. Солиев бо тақризин Т.Шарипов, И.Бобоҷонзода, Ф.Шарифзода ва М.Ғозиев интишор гардидааст.
Курси таълимии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аҳамияти калони илмӣ-амалӣ дошта, барои беҳтар намудани омодагии касбии мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ нигаронида шудааст.
Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки ба Рӯзи забон бахшида шуд ва бо ибтикори Шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар суханони муқаддамотии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба ба муҳимтарин тадқиқотҳои забоншиносии замони Истиқлол ҷалб намуд. Директори
Ҳар гоҳ, ки аз забон мегўем ибораи «забон ҳастии миллат» ба забон меояд, ки дар он таърих, зарурат, қувват, худшиносӣ, худогоҳии миллат инъикос ёфтааст.
Забони тоҷикӣ асолатан миёни ҳама забонҳои олам куҳнатарин аст ва бо ин забон мероси гаронмояи адабиву илмии халқҳои форснажод навишта шудаанд. Зарфи ҳудудан сӣ соли истиқлолияти давлатӣ дар кишвари маҳбуби мо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат садҳо номгӯ китобҳои қадим аз хати форсӣ ба крилӣ баргардон ва ба мардум расонда шуд. Давлати мо барномаҳои вижае барои рушди забон рӯи даст дорад, ки сол ба сол амалӣ мешаванд.
