Ҷўшоби каду давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равғани гули садбарг омехтаи каду дарди гўшро таскин мебахшад ва барои бемориҳои гулў муфид аст. Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи кадуро барои одамони гирифтори бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, ҳангоми қабзият, чун воситаи пешоброн, ҳангоми варами ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Онҳо бо марҳами мағзи хоми каду ҷароҳату захмҳои сўхтаи пўстро табобат мекунанд, доғи кунҷидак ва гармичаро
Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин ва русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хело бошукўҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргон–и бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо
Гавҳар, гуҳар, ҷавҳар, марворид, дур(р), 1) моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намуд хои моллюскаҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳарро ба вуҷуд меорад.
Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ,зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабўтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар аз нахўд калонтар мешавад. Гавҳарҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳарро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва
Мактаби устод Одина Ҳошим яке аз мактабҳои бузурги фалакхонӣ дар асри 20 мебошад. Асосгузори ин мактаб падари ў устод Ҳошим Қосим (1907–1969) аст. Устод Одина Ҳошим қолаби мактаби ҳунарии авлодиро шикаста, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия кардааст. Одина Ҳошим ба ғайр аз шогирдони хешу табор, инчунин М. Миров, Ф. Ҳасанов, Ш. Қодиров, М. Қадамов, Ҷ. Қадамов, О. Муҳтарамова, М. Ғаниев, А. Раҳимовро тарбия кардааст.
Фалак (ар – осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии
Агар Фарҳод Қобилович Зикриёев зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 72 қадам мегузошт. Ҳайфову дареғо, ки ин олими забардаст ва ин забоншиноси маълуф чанд умри тӯлонӣ надид ва дар айни гулшукуфти умр тарки олам кард.
Забоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Фарҳод Қобилович Зикриёев 10 октябри соли 1940 дар деҳаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.
Хонандаи ин сатрҳо маълумоти заруриро нисбати зиндагиномаи забоншинос аз энсиклопедияи «Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия» (2006. – С.99-100) ва якчанд очерку мақолаҳо, ба монанди «Омўз
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи пурхонандатарин шеъру манзумаҳо ва яке адибони хушзавқу пуркор Нурмуҳаммад Ниёзӣ имрӯз дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Хабари марги ӯро пойгоҳҳои хабарии Интернет пахш карданд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамагӣ бист рӯз пештар ба синни мубораки 72 даромада буд. То ин соат садҳо тан аз ҳаводорони шеъри шоир аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ реҳлати шоири маъруфро тасаллият арз карданд.
НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи
