Муҳраи чашмӣ, мураҳои сиёҳи холҳои сафед ё муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдошта, ки дар гузашта (баъзан ҳоло ҳам) барои раъфи заҳри чашм истифода мешаванд. Муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдоштаро муҳраи пай меноманд. Тибқи бовариҳои мардум муҳрача гўё одамонро аз заҳри чашм ва таъсири дигар қуваҳои бад муҳофизат мекунад. Ин муҳраҳоро як ё дутои ба либос мустаҳкам мекунанд ё дар таркиби даспона ва дигар
Намунаи содагии забони шеъри Рудакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърих и забону адабиёти мо ҳақиқатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони точикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то, ба имрўз аз чиҳати луғат ва сохтори нахвию услубӣ кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар
Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 он тақрибан аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнай машғул буданд.
Ҳифз ва шинохти марҳалаҳои забони миллӣ ва баланд бардоштани асолати он меҳвари асосии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртаззоди муосир аст. Дар ҳамин маврид муаллиф дар пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» менависад: «Забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон-русӣ ва англисӣ рў ба рў шуда, чунонки мебинем, дар ин «пайкор» асосан дар ҳолати дифоъ қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дастгирӣ ва пуштибонии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рўйи забонҳои дигар бандем».
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраи нави омӯзишӣ бо номи “Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ” оғоз шуд. Ба он кормандоне ҷалб шудаанд, ки дар китобхонаҳо кор мекунанд, вале маълумоти китобдорӣ надоранд.
Дар айни замон 3-нафар китобдорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 7-нафар кормандони Муассисаи давлатии қитобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим
Дар Маркази такмили ихтисос дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 148 нафар шунавандагон ба курсҳои сайёри кўтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсиалӣ» ва «Лоиҳасозӣ» ҷалб шудаанд.
Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони Китобхонаҳо яке аз масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи дониши касбии онҳо буда, дар
