Роғун – равзанае аз нур ба сўйи фардои дурахшон

Санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рў ба рў хоҳад сохт.

Таътили тирамоҳӣ хонандагони мактабҳоро ба Китобхонаи миллӣ овард

Эълони таътили тирамоҳӣ барои муҳассилини мактабҳои миёна онҳоро ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ овард. Зарфи шаш рӯзи аввали таътил ба ин толори хониш 991 нафар ташриф оварданд, ки бештар аз 150 тани онҳо нав аъзои китобхона шуда буданд.

Имсол бори аввал баъди солиёни зиёд таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз сар гирифта шуданд. Ва аввалин таътили тирамоҳӣ

Абдулманнони Насриддин – мактабдори матншиносӣ

“Ба Абдулманнони Насруддин муяссар гардид, ки дар Донишгоҳи Хуҷанд мактаби илмии худ, ҳавзаи илмии худро ба вуҷуд биёрад ва аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод як силсила шогирдони сазоворро ба воя расонад. Ман бо аксарияти онҳо ва корҳояшон ба шарофати устоди бузургворашон шинос ҳастам. Дар маҷлиси дифои рисолаҳои илмии баъзеашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок доштам. Аз ин рў бо имони комил гуфта метавонам, ки онҳо мактаби илмии устоди зиндаёдашонро гардон нигоҳ хоҳанд дошт”.

Абдунабӣ Сатторзода,

Анҷоми як давраи омӯзишии семоҳа дар Ҳинд

Як давраи омӯзишии АЙТЕК (ITEC), ки намояндагони 18 давлати ҷаҳонро дар Ҳинд ҷамъ оварда буд, ахиран ба анҷом расид. Бино ба иттилои Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Аминов, ки дар ин омӯзиш иштирок дошт, мавзуъи таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод, фарҳангро баррасӣ мекард ва он аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Ҳинд таҳия шуда буд.

Ин давраи омӯзишӣ аз 28-уми августи соли равон шуруъ шудааст ва 23 – уми октябр ба анҷом расидааст ва дар он аз

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ТАНЎРСОЗӢ

Танўр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро «тахтаи аввал» меноманд, ки дарозиаш 3 м ва бараш 35-40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нўгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4-5 соат, ки он каме сахт шуд, деворҳояшро бо асбоби ғундак ва аз берун ба даст мекўбанд, то ки мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас қисм ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке қонусшакл

Саҳлангории ноширон дар супурдани нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ

Мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ дар дар 9 моҳи сипаришудаи соли 2018 аз ҷониби нашриётҳои ”Дониш”, “Ирфон”, ”Маориф” ва чопхонаҳои дигар ба теъдоди 2544 (776-номгуй) китоб ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2017  1076 нусха камтар мебошад. Бархе аз нашриётҳо ба монанди  ”Эр-граф”, ”Адиб”, ”Нашриёти бачагона” ва нашриётҳои хусусӣ дар иҷрои талаботҳои қонуни мазкур масъулият ҳис наменамоянд.

Страницы