
20 -уми ноябри соли равон сафири Ҷумҳурии Молдова дар Душанбе ҷаноби Андрей Негутса бо ҳайати кормандонаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард Меҳмони олиқадро дар саҳни Китобхона роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.
Ним сол аз даргузашти Бозор Собир-яке аз маъруфтарин шоирони муосири мо мегузарад. Аввали моҳи май Шоири Халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар шаҳри Сиетли ИМА тарки олам кард. Шоире, ки зарфи қариб се даҳсолаи охир номаш бештар аз дигарон вирди забонҳо буд. Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз дигар бо мо нест. Рӯзи маргаш дар Душанбе ҳаво боронӣ буд ва имрӯз, ки 80-солагии зодрӯзаш аст, боз ҳам Душанбе боронист.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адиби хушномро ин гуна
Агар тири қотил ҷонашро намерабуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Чи розҳое бо худ бурд. Адиби номвару навпардоз, шахсе, ки дар ҳар калима даҳҳо маъно ғунҷондааст, ҳадафи тири афроде қарор гирифт, ки шояд дар умрашон сатре аз адабиёт нахондаанд, шояд байте намедонистанд ва намедонистанд, ки ин ин кирдори разилона миллатро аз кӣ маҳрум мекунанд.
Оре, Сайф Раҳимзоди Афардӣ инсоне буд, ки умре аз адабиёту ҳунар гуфт ва бо даҳҳо китоби нонавишта олами моро фоҷеавӣ тарк кард. Ёдаш ба хайру хонаи охираташ нуронӣ бод!
Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) нависандаи тоҷик
Нақшхонӣ ба ғайр аз тўйҳои арўси дар ҷашни Наврўз, Сайри гули лола ва базмҳои дигар низ баргузор мешавад. Он имрўз ҳам дар байни мардум ривоҷ дошта, дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон дар аксар ҷашнҳо ва идҳои месароянд. Дар водии Зарафшон яке аз навъҳои маъмули нақшхонӣ “Нақши мулло”мебошад, ки онро сарояндагон якҷо (бе нақарот) месароянд. Тарзи иҷрои он чунин аст:
Нақшхонӣ, “Нақш”, силсилаи суруду таронаҳои
Моҳи ноябр зода шуда ва моҳи ноябр тарки олам кардааст. Аз ҳунармандони дӯстдоштанист. Овози хушу форам ва сабки нотакрори таронасароии вай замоне ҳамагонро шефтаи худ карда буд. Ду сол аз даргузашташ мегузарад, вале номаш имрӯз ҳам дар радифи маҳбубтарин сарояндагони кишвар боқист.
Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 номгӯ китобҳои тозанашрро барои хонандагони нобинову ношунавои Китобхонаи миллӣ туҳфа кард. Мавзуна Орумбекова-сардори Шуъбаи хизматрасонии махсус мегӯяд акнун бойгонии толори хониши ин шуъба бо 22 китоби нав ғанӣ шудааст ва ин китобҳо аллакай барои мутолиаи хонангон дар рафҳо гузошта шудаанд.
Акнун хонадагони толор хониши шуъбаи
