Афсарону сарбозон дар Китобхонаи миллӣ


2 - юми декабри соли равон ҳайати сарбозону афсарони  қисми ҳарбии 0121-и қушунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оваранд.  Сараввал, сарбозону афсарон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. 

«Дар сўҳбати адиб» бо Маҷид Салим

Дар шўъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дар сўҳбати адиб» ин навбат бо адиби табиатшинос Маҷид Салим баргузор гардид. Хонандагони фаъоли шўъба бо ин адиби шинохта ва табиатнавис аз наздик шинос шуданд. Дар маҳфил муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова иштирок дошт ва дар арсми ифтитоҳи он Маҷид Салимро ба хонандагон шинос кард. Салима  Раҷабова гуфт, ки чанде пештар дар Китобхонаи милли китоби нави адиб бо нои

ТАФРЕҲ. Жола Бадеъ: Парандаҳои муҳоҷир

Парандагони муҳоҷир дар ин ғуруби хамӯш,
Ки абри тира тан андохта ба қуллаи кӯҳ –
Шумо шитобзада роҳии куҷо ҳастед
Кашида пар ба уфуқ так-таку гурӯҳ-гурӯҳ?

Чӣ шуд, ки рӯй намудед бар диёри дигар?
Чӣ шуд, ки аз чамани ошно сафар кардед?
Магар чӣ дарду шиканҷе дар ошён дидед,
Ки азми дашту даманҳои дуртар кардед?

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт...

БОБУР МИРЗОИ ТЕМУРӢ дар даврони салатани кӯтоҳи хеш дар Самарқанд аз сӯи Шайбониён се бор дучори ташаннуҷи шадид гашт. Бори охир (соли 1501) ночор шуд, ки аз масири Фалғару Масчо фирор кунад ва дар ин ҳазимат дар деҳкадаи Оббурдони Масчо, дар канори чашма ин абётро аз Шайх Саъдӣ дар санге ҳакк кардааст, ки то имрӯз он навишта ёдгор мондааст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт,

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.

Китоби нав ба Маркази такмили ихтисос

Ба фонди Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 «Китобдор, библиограф – омўзгор» ворид гардид, ки чунин бобҳоро дар бар мегирад:

«Муқаддимаи ихтисос», «Асосҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ», «Аснодшиносӣ», «Библиографияшиносӣ», «Феҳристҳои китобхона», «Педагогикаи китобдорӣ», «Фаъолияти  библиографӣ дар китобхонаҳо».

Китоб барои донишҷўёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00   таҳия гардидааст. Мураттиби китоб Б. Холов;

Фаъолияти пурсамар

Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қади­мулайём аҷр мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Ҳар гоҳе, ки шахс ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он

Страницы