Боздиди рузноманигорони Ӯзбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Гурӯҳи муҳаррирону хабарнигорони маъруфи Воситаи ахбори оммаи чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи ошёнаи дуюм аҳли роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.

Рӯзноманигорон аз шаҳрҳои бузурги давлати щамсоя - Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Намангон, Ҷиззах ва Термиз омада буданд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Қолинбофӣ

Бофти қолин аз якчанд қисм иборат аст: тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тўр, пўпак ва тугун ё гиреҳ. Тор ресмоне мебошад, ки ба таври даврашакл аз рўи гулаи боло ва поён кашида мешавад. Торро аз ресмонҳои пахтагин, абрешимин ва аз мўйи гўсфанд тайёр мекунанд. Пуд аз байни тор, аз қисми дарунӣ ва берунии он гузашта, барои қолинро ба ҳам пайваста, гиреҳҳои аз пашм бофтаро  нигоҳ медорад. Тугун (гиреҳ)-ро бо пашм аз байни

Талбакова Ҳуснигул-забоншиноси маъруфи кишвар

Аз ҷумлаи забоншиносони маъруфи кишвар аст ва умре дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. 24-уми декабри соли равон 75-сола мешавад. Модари мушфиқи фарзандон ва устоди ғамхор барои шогирдон аст.

Ҳуснигул Талбакова 24 декабри соли 1943 дар ноҳияи собиқ Қизилмазор яъне Темурмалики ҳозира ба дунё омадааст. Ў соли 1961 донишҷўи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид ва соли 1966 Унверситети номбурдаро хатм намуд.

Аз соли 1966 то соли 1967 дар Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи

Ҳазрат Сабоҳӣ: журналист, муҳаққиқ, муаррих ва пажӯҳишгари осори ниёгон

Ҳазрат Сабоҳӣ ҳоло дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд зиндагӣ дорад. Муаллифи пурарзиштарин асарҳои таърихист. Олими дақиқназар ва журналисти соҳибназар аст. Яке аз пурмаҳсултарин қаламкашони кишвар аст, ки то ин замон даҳҳо китобу мақолоташ аз таърихи адабиёту санъат рӯи чоп дидааст.  Ва рӯи 15 декабр  ба синни 70 қадам гузошт.

Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи рўзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1971-1976 дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ба ҳайси корманди адабӣ, мудири

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ТИББИ ХАЛҚӢ

Тибби халқии тоҷикон таърихи ҳазорсола дошта он динишҳо ва таҷоруби қадимии суғдиён, бохтариҳо ва чандин усулу воситаҳои табобати дини зардуштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирифт.  Тибқи маълумоти дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва юнонӣ гиёҳдармонӣ 3-5 ҳазор сол усули асосии табобат будааст. Табибону олимони форс-тоҷик оид ба соҳаҳои гуногуни тиб асарҳои  сершуморе навиштаанд, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то

Қадимтарин китоби ҷаҳон дар куҷост?

Дар ибтидо бояд ба ин суол посух дод, ки таъриф ва манзури мо аз китоб чист? Оё метавон таҷаммуъе аз матнҳо ва дастнавиштҳоро китоб номид ва ё манзури мо аз китоб ҳамин китоби чопӣ аст, ки имрўз дар ҳар китобхона ва дасти ҳар донишҷўе метавон дид?

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзўъ, қадимтарин китобе, ки дар ҷаҳон ёфт шуда, китобе аст бо таърихи қариб 2500 сол, ки дар яке аз маъбадҳои қадимӣ дар ҷануб ғарби Булғористон кашф гардида ва мутааллиқ ба Атруск (табори ғайри ҳинду аврупоӣ) аст. Гуфта мешавад, ки ин китоб дорои шаш сафҳа аз ҷинси тиллоӣ кубида аст, ки дар Осорхонаи миллии Булғористон нигаҳдорӣ мешавад. Ин китоб бо хат ва системаи

Страницы