Даргузашти ҳамкори 55-солаи мо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти бармаҳали сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт Амонбекова Марзия Назархудоевна андӯҳгин буд, ба пайвандон, дӯстон ва бастагони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои марҳум хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Ҳунарҳои мардумӣ: РАҚС БО ҒИЖАК

Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурўҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маъмул мебошад. Рақс бо ғижак ва даф, ё таҳти навозиши гурўҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад.

Иҷрокунанда ғижакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, дар пайравии зарбу усули рақсии навозандагон

Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм,

Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚАЛЪАИ ҶИР-ҶИРАК

Чаро Чир-Чирак? Бино ба гуфтаи мардуми маҳал ин қалъа ва ин мавзеъ пештар ба унвони «Ҷилдара» машҳур будааст. Баъдан бо мурури замон ва лашкаркашиҳои саркардаҳои муғулу турк ба худ номи Қалъаи «Ҷир-Ҷирак»-ро гирифтааст. Аммо ин фарзияи мардум аст, то ҳол ковишҳои илмӣ дар бораи таърихи номи қалъа чизеро пайдо накардаанд.

«Таърих бузургтарин устод, одилтарин

Калтакбозӣ чист?

Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.

Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд ва чўбҳоро мутобиқи зарби мусиқӣ моҳирона ба бозӣ медароранд. Раққосон дар ҳар дасташон яктогӣ чўби ҳамвор дошта, онҳоро гоҳ бо ҳам ва гоҳ ба замин зада, садо мебароранд. Ҳамин тавр,

Арғушти ошпазӣ тақлиди кадом ошпазист?

Арғушти ошпазӣ як навъ рақси мазҳакавии мардумӣ мебошад, ки аз тарафи мард ё зан  дар тую маъракаҳои хурсандӣ иҷро магардад. Рақс дар таҳти навозиши дойра ё дастаи навозандагон баъзан бо табақи чўбин ё лаълӣ иҷро мешавад. Мазмуни ин рақс аз тайёр намудани хўрокҳои миллӣ: оши палав, оши бурида ва ё оши тўппа иборат аст.  Дар арғушти ошпазӣ унсурҳои мазҳака, рақс, пантомима ва сир омезиш ёфтанд.

Страницы