Ғолибон шоистаи табриканд

Ҳамчуноне хабар додем, субҳи 14-уми ноябри соли равон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ  бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор  гардид. Ва дар ҳошияи он ғолибони ду озмун дар Китобхонаи миллӣ муайян шуданд. Озмуни “Китобдори сол” ва “Хонандаи беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” - и Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҳошияи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент ғолибони ду озмун дар Китобхонаи миллӣ муайян шуданд

Субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ  бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор  гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуд.

Хазинаи илму адаб

Шомил гардидани кишвари мо ба узвияти Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, таҳти № 239 муассиса  аз Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ ба Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб –Хонаи китоби Тоҷикистон тағйири ном кард. Имрўз ин даргоҳи илму адаб тўли мавҷудияташ

Аз доктори илмҳои техникӣ Абдулазиз Ҳоҷибоев чӣ метавон хонд?

Абдулазиз Ҳоҷибоев аз ҷумлаи олимони шинохтаи соҳаи технологияи лоиҳакашӣ буда, аз соли 1974, ки факултаи сохтмони ИДТ-ро хатм кард, дар ҳамин соҳа фаъолият мебарад.

Ҳоҷибоев Абдулазиз 7 ноябри соли 1953 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Соли 1974 факултаи сохтмони  ИДТ – ро (ҳоло ДТТ ба номи М. Осимӣ) ба поин оварда, дар ҳамин ҷо чун ассистент фаъолияташро шурўъ намудааст.

Солҳои 1976-1979 аспиранти Институти илмӣ – технологии лоиҳакашии биноҳои истиқоматию ҷамъиятии шаҳри Киев 1979-1982  ассистент ва муаллими калони кафедраи механикаи сохтмонӣ ва иншооти сейсмикӣ,

Дар бораи Бешаи палангон чӣ медонед?

79 сол пеш барои ҳифзи  саривақтии бешазори табии соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, ҳифзи ҳайвоноти камёбу нодир ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Ин аввали моҳи ноябр буд, моҳе, ки табиат рӯ ба сардиҳои зимистон меовард. Ин ягона мамнўъгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд, ки дар минтақаи туғайзор ҷойгир аст.

Эй ҷавони миллати боғайратам…

10-уми ноябрро дар саросари ҷаҳон ҳамчун рўзи ҷавонон ва ҷавонӣ ҷашн гирифтанд, ки ин ифтихорот ба мо низ ошно аст. Қатори дигар давлатҳовумиллатҳои дунё ин санаи муҳимро  қиммат доштан мебояд моро.

Страницы