Анҷоми як давраи омӯзишии семоҳа дар Ҳинд

Як давраи омӯзишии АЙТЕК (ITEC), ки намояндагони 18 давлати ҷаҳонро дар Ҳинд ҷамъ оварда буд, ахиран ба анҷом расид. Бино ба иттилои Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абубакр Аминов, ки дар ин омӯзиш иштирок дошт, мавзуъи таҳқиқот оид ба қувваи корӣ, ҷаҳон, сиёсат, иқтисод, фарҳангро баррасӣ мекард ва он аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Ҳинд таҳия шуда буд.

Ин давраи омӯзишӣ аз 28-уми августи соли равон шуруъ шудааст ва 23 – уми октябр ба анҷом расидааст ва дар он аз 18 кишвари олам 28 нафар ширкат кардаанд.   

Иштирокдорон дар баробари муаррифӣ намудани фарҳанги кишвари худ инчунин молу ашёи тавлиди дохилиро низ шиносоӣ мекарданд. 

Аз рўзҳои аввали омӯзиш  мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаҳои гуногуни такмили ихтисос ва устодони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват шуда буданд.

Инчунин барои даъват намудани сармоягузории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи иқтисод, сиёсати хориҷию дохилии худ, мавзеҳои таърихӣ, манзараҳои сайёҳӣ маълумот медоданд.  


Тоҷмаҳал.

Боздид аз ҳафт мўъҷизаи ҷаҳон - оромгоҳи басо зебову бошукӯҳи Тоҷмаҳал низ дар барномаи ин омӯзишҳо дохил шуд. Тоҷмаҳал аз пуровозатарин биноҳои олам буда, дар дусадкилометрии ҷануби Деҳлии нав-пойтахти Ҳинд дар шаҳри Агро бино ёфтааст. Ин бинои боҳашаммат ва таваҷҷӯҳбарангез бо дастури Шоҳи Ҷаҳон-панҷумин императори бубуриҳои Ҳинд ба манзури ёдбуди ҳамсари эронитабораш ба номи Арҷмандбонубегим, ки машҳур ба Мумтозмаҳал мебошад, сохт ашудааст. Худи Шоҳи Ҷаҳон низ дар ҳамин бино хонаи охират ёфтааст.


Мамтозмаҳал. Шаҳбонуи форстабори

сулолаи бобуриҳои Ҳинд.

Маврид ба ёдоварист, ки Арҷмандбоду духтари Абдулҳусайн Осафхони эронӣ буд ва баъди он ки ба мартабаи бонуи аввал расид, лақаби Мумтозмаҳалро гирифт. Вай ҳамсари дуввуми Шоҳи Ҷаҳон буд ва соли 1631 милодӣ ҳангоми таваллуди чаҳордаҳумин фарзандаш аз олам даргузашт.

Тоҷмаҳал аз рӯи шаҳомати зебоӣ ва ороишоти гаронбаҳо, банду басти мукаммал ва дилрабоии тарҳ яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад. Тоҷмаҳал на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони ҳинд, балки таҷассуми анъанаи бой ва нозукиҳои санъати меъмории Осиёи Миёна ва Эрон низ мебошад, чунки бо ҳамдастии меъморону ҳунармандони ин кишварҳо бино ёфтааст. Меъмори он устод Аҳмади Лоҳурӣ буда, миёни солҳои 1630-1652 бино шудааст. 

Баъд аз анҷоми давраи омӯзишӣ аз тарафи Роҳбари донишгоҳи Нилерди шаҳри Деҳлии нав ва намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ҳар як ширкаткунанда Шаҳодатнома ва ҷоиза бо туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардид.