Дар таърих кам касонеро метавон пайдо кард, ки дар риштаи пажӯҳишҳо аз таърихи минёнтураҳо шӯҳрат ёфта, вале боз мусиқишиносу мусиқинависи муваффақ ҳам бошад. Муқаддима Ашрафӣ, духтари Мухтор Ашрафӣ аз ҳамин қабил касон аст, ки дар ҳамин ду ришта муваффақ будааст.
Муқаддима Ашрафӣ Мухторовна профессор, санъатшинос 5 - уми июли соли 1936 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Духтари Мухтор Ашрафӣ. Хатмкардаи мактаби мусиқии шаҳри
Аҳмади Ҷом, Абунаср Аҳмад ибни Абулҳасан, мулаққаб ба Жандапил, Пири Ҷом ва Шайхулислом, тақрибан соли 1048 дар шаҳри Ҷоми вилояти Ҳирот ба дунё омадааст. Соли 1141 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Шоири мутасаввиф, намояндаи машҳури суфиёни Хуросон. Аз авлоди саҳоби Ибни Саъд.
Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ кард, вале то 22-солагӣ зиндагии бенизоме дошт. Баъдтар гўшаи узлат интихоб намуда, ба касби илму риояи шариат пардохт ва баъди 12 соли ҳаёти парҳезкорона ба кўҳистони Ҷом рафта, ба зуҳду тоату ибодат машғул шуд. Дар 40-солагӣ аз куҳистон ба деҳаи худ омада, дар он ҷо хонақоҳ барпо намуд ва ба вазъу иршод пардохт.
Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Ба гузориши “Мардумсолорӣ Онлойн” номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Парвизи Нотил-Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.
Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули ҷумҳурист. Ӯ дар мудати на он қадар тӯлонии фаъолияти касбиаш зиёда аз 200 офаридаҳои ҳунарии худро ба фонди тиллоии радио сабт намудааст. Оҳангҳои ба шеърҳои М. Қаноат “Бародарам”, Гулназар “Тоҷикистонам туӣ”, Лоиқ “Таронаи муҳаббат”, Ш. Ҳусейнзода “Таронаи сулҳу бародарӣ” Н. Яздон “Шарораи хомӯшон” аз шумораи дастовардҳои волои касбии ӯст. Филми телевизиониаш, ки соли 1988 ба тамошобинон пешкаш шуд, беҳтарин асари намоиши сол дар телевизион гардид.
Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба смутаххасиси пешбари Шуъбаи нигаҳдории китоб Гулов Сайидмумин ҷиҳати даргузашти нобаҳангоми МОДАРАШ тасаллият арз мекунад.
Ба марҳум аз даргоҳи Холиқи якто Биҳишти барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил мехоҳад.
Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

1-уми март
100 - солагии зодрӯзи Ёрмаҳмад Ашӯрмамадов (1919-2004), актёри театр, коргардон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
80-солагии зодрӯзи Ашӯрбой Имомов (1939), олими соҳаи ҳуқуқ, профессор.
75-солагии зодрӯзи Эмма Крижановская (1944), кинорежиссёр.
80-солагии зодрӯзи Анна Сабурова (1939),
