Дона Баҳромро бишносем

   Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули  ҷумҳурист. Ӯ дар мудати на он қадар тӯлонии фаъолияти касбиаш зиёда аз 200 офаридаҳои  ҳунарии худро ба фонди тиллоии радио сабт намудааст. Оҳангҳои ба шеърҳои М. Қаноат “Бародарам”, Гулназар “Тоҷикистонам туӣ”, Лоиқ “Таронаи муҳаббат”,  Ш. Ҳусейнзода “Таронаи сулҳу бародарӣ” Н. Яздон “Шарораи хомӯшон” аз шумораи дастовардҳои волои касбии ӯст. Филми телевизиониаш, ки соли 1988 ба тамошобинон пешкаш шуд, беҳтарин асари намоиши сол дар телевизион гардид.

  Дона Баҳром дар деҳаи Чухкак, деҳшӯрои Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1973 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 1975 – 1980 дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи Чайковскии ноҳияи Ваҳдат ба ҳайси муаллим, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия кору фаъолият кардааст. Солҳои омӯзгорияш пайваста нозукиҳои санъати классикии созиву овозиро меомӯхт. Натиҷаи заҳмату ҷустуҷуҳо Дона Баҳромро ба саҳнаи калон овард. Соли 1980 ӯро ба Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси солист-вокалист дар ҳайати гурӯҳи ҳофизони шашмақом ба кор гирифтанд. Муддати мадиде нагузашта ӯ дар байни устодони таҷрибаи ниҳоят баланди касбӣ дошта, эътибору нуфузи хоса пайдо намуд.

  Дона Баҳром нафақат сурудҳои маълуму анъанавиро бо як фасоҳати баланди ба худ хос иҷро мекард, балки бештар мекӯшид  сурудҳои худ оҳанг бастаро пешкаши мухлисони сершумораш гардонад. Оҳангу сурудҳои ӯ офарида аз як тараф анъанаи классикиро дар худ нигоҳ доранд, аз тарафи дигар он вобаста ба талаби замон такмил ёфтаву ниҳоят ҷаззоб ба қалби сомеон роҳ меёбанд.

  Аз чунин падидаҳои хос ба баъзе аз достонҳои “Шоҳнома” оҳанг бастани ӯст. Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули  ҷумҳурист. Ӯ дар мудати на он қадар тӯлонии фаъолияти касбиаш зиёда аз 200 офаридаҳои  ҳунарии худро ба фонди тиллоии радио сабт намудааст. Оҳангҳои ба шеърҳои М. Қаноат “Бародарам”, Гулназар “Тоҷикистонам туӣ”, Лоиқ “Таронаи муҳаббат”,  Ш. Ҳусейнзода “Таронаи сулҳу бародарӣ”, Н. Яздон “Шарораи хомӯшон” аз шумораи дастовардҳои волои касбии ӯст. Филми телевизиониаш, ки соли 1988 ба тамошобинон пешкаш шуд, беҳтарин асари намоиши сол дар телевизион гардид.

  Дона Баҳром яке аз тарғибкунандагони санъати миллии тоҷик дар мамолики хориҷист. Ӯ дар се сафари ҳунариаш ба Афғонистон, чор сафараш ба Эрон ва сафарҳои дигараш ба Русия, Ҷопон, Фаронса, Белгия, Голландия, Германия, Ироқ, Туркия ва ғайраҳо нозукию фасоҳат ва ҷаззобияти санъати мусиқию овозхонии тоҷикро намоиш додааст. Барои хизмати намунавӣ дар рушди фарҳангӣ, соли 1991 ба унвони баланди расмӣ “Ҳунарпешаи хизматнишододаи Тоҷикистон” соҳиб гаштааст.

  Дона Баҳром дар байни ҳунармандон бо истеъдоди фитрӣ ва соҳибқаламии худ фарқ мекунад. Мақолаю очеркҳо, шеъру  таронаҳояш аз қабили “Қанди порсӣ”, “Асрори қалъаи Қаҳ–қаҳа”, “Оби сари кӯҳи мо”, “Суханро вазну такмини дигар бояд”,  “Шоҳи камарбаста”, “Фалак, фалакӣ, фалаксароӣ” ва ғайра дар саҳифаи матбуоти даврӣ чоп шудаву мақбули хонандагон гардидаанд. Ӯ муаллифи китобҳои “То ба Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро” (2000), “Дастагуле аз баҳори андеша” (2005), “Тавоно бувад... ” (2006) буда, инчунин албоми “Сафари ишқ”–и ашро пешкаши мухлисони сершумораш гардонидааст.

  Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Дона Баҳром ин китобҳоро шумо метавонед аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дастрас намоед:

  1. Дона Баҳром. Сибиру Помиру Кашмир ватанам (маҷмӯаи офаридаҳои назмӣ ва насрии ҳунарманди маъруфи тоҷик) – Душанбе, «Адиб» – 2015, 208 саҳ.
  2. Дона Баҳром. Озарахши танин (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни консерватория ва коллеҷу мактабҳои мусиқӣ) – Душанбе, «Адиб», 2014, 156 саҳ.

Зебуннисо  Сафарова                                                                   

Мутахассиси пешбари Шуъбаи

 адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.