“Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва ҳар ҷо, ки биёӣ, зеро медонам хоҳӣ омад, ман Курушам, ки барои порсиҳо ин давлати бекаронро бунён ниҳодам, бад-ин мушти хок, ки маро пӯшондааст, рашк мабар!...”
Ва мегӯянд: Искандар вақте ин навиштаро барояш тарҷума карданд, сахт таҳти таъсир қарор гирифт. Зеро ба хотир овард, ки азамати инсон чӣ қадр машкук ва нопойдор аст. (“Эрони бостон”, нақл аз Плутарх, банди 90).
Ин чанд ҷумла аз сарсухани Бостонӣ Поризӣ, донишманди эронӣ ва мутарҷими китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн” иқтибос шуд. Китоб соли 2019 дар нашриёти “Адиб чоп шуд ва онро аз хати форсӣ ба крилӣ Раҳмоналӣ Мирализода баргардон кардааст.
Дар сарсухани китоб, ки ба қалами профессор Нуриддин Сайид навишта шудааст, мехонем: Таърихи башариятро бе корномаи шахсиятҳои миллӣ, сиёсӣ, динию фарҳангӣ ва кашфиёту таълифоти нобиғаҳои арсаҳои мубориза ва илму ҳунар наметавон тасаввур кард. Ҳар гоҳ ба саҳифаҳои таърих ба дидаи таҳқиқ бингарем, ба сароҳат дармеёбем, ки марҳилаҳои рушд ё инқирози қавмияту миллатҳои ҷаҳон ба зуҳур ва суқути шахсиятҳои алоҳида робитаи қавӣ доранд. Ҳатто гоҳо чунин тасаввур мешавад, ки ҳамин шахсиятҳо аз зумраи паёмбарону подшоҳон ва қаҳрамононеанд, ки такондиҳандаю таҳаққуқбахши ҳодисаҳою воқеаҳо дар масири таърих мебошанд. Аз ин дидгоҳ, ҳар қавмею миллате дар арсаи ҷаҳон бо шахсиятҳои миллӣ-таърихии хеш ифтихор менамояд ва осори фарҳангию таърихии хешро тавассути ин шахсиятҳо ба аҳли олам муаррифӣ мекунад. Бинобар ин, аз ин нуқтаи назар таърих на танҳо фанни гузашташиносист, балки илми ояндасозӣ ва мактаби ибрати инсоният низ ба ҳисоб меравад...”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам фармудаи ибратбахше ба Куруши Кабир доранд, ки ин ҷо меорем: «Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Китоби «Куруши Кабир - Зулқайрнайн» нахустин асари тадқиқотӣ – тафсириест, ки бар асоси иттилооти Қуръонӣ, таърихӣ- бостоншиносӣ ва манҳаҷи илмии мантиқу қиёс шахсияти таърихӣ ва сираи маънавии Зулқарнайни мазкур дар Қуръони Каримро ҳамаҷониба тафсир ва таҳлилу баррасӣ намуда, бо далелу бурҳонҳои қотеъ Зулқайрнайни асилро ба хонанда муаррифӣ менамояд. Китоб дар баргирандаи пажўҳишҳои илмии мутарҷими он Бостонии Поризӣ ва бахши тафсири сураи «Қаҳф» аз тафсири Мавлоно Абдулкамоли Озод бар Қуръони Маҷид аст.
Китоб барои муҳаққиқон, донишҷўён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод шудааст ва онро шумо дар толори хониши кӯдакон ва наврасон метавонед мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева