Давраи омӯзишӣ барои даҳ нафар аз ҷумлаи кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуда буд, имрӯз ба анҷом расид.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳангоми супурдани сертификатҳо ширкаткунандагонро барои анҷоми бомуваффақияти давраи омӯзишӣ муборакбод
Ин тозатарин рақамест, ки субҳи имрӯз эълон шуд. Яъне, шумори хонандагони фаъоли наврас ва кӯдакон афзуд ва ба 4 ҳазору 585 нафар расид.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бахшеро барои кӯдакону наврасон ихтисос дод, ки имрӯз аз бахшҳои фаъол ба шумор меравад. Ба ин толор, ки дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст, асосан кӯдакону наврасони синнашон а 5 то 16-сола ташриф меоранд ва саргарми мутолиаи...
Аз чопи “Маънои ҳазору як ном”- ин асари хеле муҳим ва муфид ҳудудан сӣ сол сипарӣ мешавад. Он соли 1987 дар нашриёти “Маориф” интишор ёфтааст ва то кунун яке аз китобҳои муътабар дар шарҳи номҳост.
Муаллиф О. Ғафуров бештар аз ҳазор номеро, ки иддае реша ба таърихи қадим доранд, иддае дигар бо вуруди Ислом ворид шудааст ва гуруҳи сеюм номҳои асили форсианд, шарҳу тафсир кардааст.
Дар баъзе маворид ин таҳлилҳо хеле фарогиранд, бахусус агар ном таърихӣ бошад. Чунончӣ, дар мавриди номи Аҳрор муаллиф мегӯяд, ки он аз оғоз лақаби фахрии суфиёна буд, ки бисёриҳо онро медонанд. Ва дар бораи Хоҷа Аҳрори Валӣ каме муфассалтар шарҳ медиҳад, ки кисту аз куҷост ва чаро чунин маҳбубу маъруф шудааст.
Даҳ нафар кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили як давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуданд.
Ин давраи омӯзишӣ, ки тибқи барномаи муштараки қаблан тарҳрезишуда мегузарад, сар аз аввали моҳи декабри соли равон оғоз шуд ва қарор аст муддати 10 рӯз идома ёбад.
Тими футболи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти футболи ҷумҳуривӣ миёни вазорату идораҳо, ки қарор аст рӯзҳои наздик шуруъ шавад, омодагӣ мебинад.
Гуфтанист, ки ин чорабинии варзишӣ чанд сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳадаф аз баргузории мусобиқот миёни вазорату идораҳо ҷалби бештари таваҷҷуҳи мардум ба варзиш аст.
Имрӯз чун анъана дар Китобхонаи миллӣ рӯзи санитарӣ буд. Ба маънии дигар субҳи имрӯз дар китобхона аз талошҳои тозагӣ оғоз ёфт.
Ҳар касе агар имрӯз аз назди ин бинои назаррабо убур мекард, кормандонро саргарми тозакунии атроф меёфт. Ва ин акнун анъана аст, муддатҳост, ки бо фармони Директори Китобхона душанбеи охири ҳар моҳ рӯзи тозагиву санитарӣ баргузор мешавад.
Маъмулан тибқи ҷадвали корӣ рӯзҳои душанбе