Саттор Турсун: Иноят Насриддин ҳалолкор буд, дили беғубор дошт...

Агар зиндаёд Иноят Насриддин зинда мебуд, имсол ба синни мубораки 70 қадам мегузошт. Вале доси аҷал ниҳоли умрашро хеле бармаҳал дарав кард, тобистони гарми соли 2010 аз сактаи қалбӣ, ногаҳонӣ аз олам даргузашт.
     Иноят Насриддин адиби хушсавқ, журналисти матинирода, публистист ва дромнависи маъруфи замони худ буд. Вай 15-уми феврали соли 1946 дар рустои Посурхии ноҳияи Бойсуни вилофти Сурхондарёи Узбакистон дида ба олам кушодааст.
     Шуъбаи илмӣ – тадқиқотии Китобхонаи милли Тоҷикистон ба муносибати ҳафтодумин солгарди нависанда ва рӯзноманигори шинохта бо номи “Иноят Насриддин нависандаи даврони мо” тавсияҳои методие омода кардааст, ки дар поён мехонед. Вале қабл аз он хостем шуморо бо суханоне чанде аз дӯстон, ҳамқаламон ва ҳамкорони Иноят Насриддин, ки ҳафтаномаи “Чархи градун” дар таҳияи Лолаи Саидакбар пештар чоп карда

ОШНОИИ МУҚАДДАМОТӢ БО “АВАСТО”

Агар бемории маргзой шомгоҳон фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Агар бемории маргзой бомдодон фароз ояд, дармони он
шомгоҳон бирасад.
Агар бемории маргзой шабҳангом фароз ояд, дармони он
бомдодон бирасад.
Бишавад, ки борон обҳои тоза фурў борад; хокро нав
кунад;дарахтонро сарсабз кунад ва тандурустии наву
тавоноии тоза дар кори дармон падид оварад.

     Порае аз “Авасто” - аввалкитоби олам, пандномаи ниёкони покманзар. Бо гузашти қарнҳо ҳоло хонандаи имрӯз ба осонӣ метавонад бо асли ин китоб ошно шавад. Донишмандони тоҷик бори сангини тарҷумаву таҳияи онро ба уҳда гирифтаанд ва Маркази тоҷикшиносии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар

Аввалин давраи омӯзишии забони куриёӣ дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расид

Аввалин  давраи омӯзишии забони куриёӣ, ки бо ибтикори  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба анҷом расид. Баъд аз зуҳри рӯзи 7-уми январи соли равон ин гуруҳ соҳиби сертифактҳо шуданд.
Дар маросими эътои сертификатҳо Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов бо изҳори ташаккур аз устодони ин давраи омӯзишӣ муҳассилинро барои дарёфти

Соли 2015 аз назари ҳамкорон

Инак, сол ба охир мерасад.
Боз чанд соати дигар ва зангулаи вақт аз поёни як соли умри башар садо мезанад.
Соле, ки на танҳо умрҳоро бо худ мебарад, балки комёбиву дасовардҳоро низ ба худ мебарад ва дар ин баробар нокомиҳоро низ. Чӣ илоҷ, инсон ҳамеша комраво нест, гоҳе мешавад, ки ноком аст. Вале нокомӣ дар партави комёбиҳо сояи худро гум мекунад. Ин аст, ки дар поёни сол ва остонаи вуруди Соли нав ҳама бо сипосу қадрдонӣ ҳамдигарро муборакбод мекунад.

Ҳамоиш ба ифтихори қабули қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат»

Ҳамоиш ба муносибати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ  аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, омили аслии рушду нумуъ ва субот дар мамлакатро дар ваҳдате донист, ки ба шарофати

«СҲШ ва ҷавонон: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат»

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси “Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат” баргузор шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки ташаббускори ин Конфронс аст, дар варақаи матбуотии худ менависад: “Новобаста ба душвории мавҷудаи давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алақаманд мебошад,

Страницы