Мо ҳимоятгари Ватан!

Чунин номида шуд ин навбат озмуни расмкашии бачагони толори бахши кўдакон ва наврасон.
Тибқи нақшаи кории толор озмуни навбатии ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ бахшида шуд. Пеш аз оғоз кормандони бахш доир ба ин рўз ба бачаҳо маълумот доданд ва аҳамияти онро фаҳмониданд. Гуфтанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон 23-уми феврали соли 1993 таъсис шудааст ва инак, 24 сол аст, ки ин рӯзро чун Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн мегирем.  Мураббиён ҳамчунин дар бораи фазилатҳои доштани Артиш

Забони тоҷикӣ ва раванди ҷаҳонигароӣ

Имрӯз, 21-уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарист.
Таъкиди ин нукта хеле муҳим аст:  Соли 2000-ум 62 дарсади китобҳои чопшудаи ҷаҳон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост омада, 80 дарсади тамоми хабарҳои ҷаҳонӣ ба воситаи Ню Йорк, Париж ва Лондон паҳн мегардад. Дар соли 1996 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 75 дарсади тамоми нармафзорҳои компютерии ҷаҳонро содир кардааст.

Ду ғазал аз Мирзо Бедили Деҳлавӣ

Фарёд, ки дар олами таҳқиқ касе нест,
Як хонаи анқост, ки он ҷо магасе нест.

Бо ақл чӣ ҷӯшем, ки ҷуз ваҳм надорад,
Аз ишқ чӣ лофем, ки беш аз ҳавасе нест.

Гар дил битапад, ғайри нафас кист рафиқаш?
В-ар чашм парад, ҷуз мижа уммеди хасе нест.

Ҳайрат зи рафиқони сафаркарда чӣ ҷӯед,
Дидем, ки рафтанду  садои ҷарасе нест.

Даричаи ошноӣ: Мирзо Абдулқодири Бедил

Абдулқодир Бедил ё Бедили Диҳлавӣ шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурӯзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда ҳамзамононаш ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд.

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони

Ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бояд арҷ гузошт

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки тамаддуни исломӣ ё фарҳанги исломии мо дар муддати ҳазорсолаи охир аз таҷрибаҳои гузаштагони мо ба таври самарабахш истифода карда, имрўз пояи аслии тамаддуни моро ташкил медиҳад. Дар ҳазорсолаи охир фарҳанги миллии мо бо фарҳанги исломӣ омезиши рангин пайдо карда, бахшҳои аслии фарҳангу тамаддуни худро ба он дода, дар бунёди таҳдоби фарҳангу тамаддуни исломӣ таъсир гузошта ба он бўи тоҷикӣ дод. Дар ин давра шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба дунё омаданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик, забону адаб ва фарҳанги исломии

Китобе, ки Михаил Андреев ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов туҳфа кардааст

«Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад». Ин як ҷумларо олими баруманд дар ҳошияи китобе навиштааст, ки ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя кардааст. Нодиртарин китобе, ки дар бойгонии шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Сухан аз китоби шарқшинос, мардумшинос, бостоншинос ва забоншиноси Иттиҳодӣ Шўравӣ  Михаиил Степанович Андреев бо номи «Нигораҳои тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» (Орнамент горных таджиков и киргизов Памира) аст, ки  соли 1928 дар чопхонаи «Типо-литография №2 Казгиза»-и шаҳри Тошкент ба нашр рисидааст. Китоби мазкур аз 41 саҳифа иборат буда, дар қисмати аввали он доир ба нақшу нигори тоҷикони болооби Амударё  ва дар қисмати дуюм доир ба нақшу нигори қирғизҳои Помир маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф

Страницы