Модар чароғи рўзгор ва оинаи зиндагӣ

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, аз чашмони ў, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.
Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷўшест, ки дашту

Модарам, эй соябону сарпарасту сарварам...

Ду рӯз пас Рӯзи модарон аст. Ҳар сол дар остонаи ин рӯз менависем, ки модарону хоҳарони мо набояд рӯзи вежаи эҳтиром дошта бошанд, балки онҳо бояд ҳамарӯза мавриди эҳтирому иззат қарор гиранд. Аммо мавҷудияти як рӯзе дар як сол боз ҳам барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба модарон-сарчашмагони ҳаёт муҳим аст.
Дар зер табрикоти аҳли эҷоди кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба модарону хоҳарон дар “Рӯзи модарон” меорем. Умедворем мавриди писанди ҳамагонӣ қарор мегирад.

Дар Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам рӯзи низофат буд

Истиқболи баҳор ва тозагиву низофат. Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳ ҳозир шуданд, то кори шуруъкардаи рӯзҳои қаблӣ дар тозагиву озодагӣ ва истиқболи баҳорро идома диҳанд.
Дар ин рӯз ҳам корҳо барои кабудизоркунӣ, нарм кардани бехи ниҳолҳову дарахтон идома доштанд.
Аксҳо ҳикоятгари ин лаҳзаҳоянд.

Хатми як давраи омӯзишии дигар барои донишомӯзони донишгоҳҳои вазорати маориф ва илм

Шунавандагони давраи омӯзишии “Асосҳои донишҳои китобдорӣ- иттилоотӣ”-, аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз 31-уми январ то 11-уми феврали соли равон  дар Китоб­хонаи миллии  Тоҷикистон таҷрибаи истеҳсолӣ ­гузаштанд.
Тӯли ин муддат онҳо барномаи омўзишии тартиб додаи Маркази такмили ихтисосро пурра аз худ намуданд. Дар давоми таҷрибаомўзии истеҳсолӣ

Таърихи Русия барои муҳоҷирини корӣ

Пажуҳишгари тоҷик чорумин нашри китоб дар бораи таърихи Русияро, ки муҳоҷирини корӣ бояд онро донанд, интишор дод.
23 – уми феврали соли 2017 дар рӯзи мудофеини Ватан дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар чорумин нашри китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» аз чоп баромад.
Нашри чорум, ки иборат аз 220 саҳифа мебошад,

Даричаи ошноӣ: Расул Ҳодизода

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони таърихи адабиёт аст, ки ҳамзамон даст ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ задаву муваффақ  ҳам шудааст.  Яке аз сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таҳқиқоти зиёду пурарзишаш бидуни шак сарвати илмии миллат аст.

Расул Ҳодизода 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Адабиётшинос ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1970), профессор (1984). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии  Осиёи Миёна (1950) ва аспирантураи АФ Ҷумҳурии

Страницы