Масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи китобдорӣ дар шароити кунунӣ воқен, омили муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро баланд бардоштани касбияти китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбӣ ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст .
Маркази такмили ихтисос яке аз сохторҳои
Давраи омӯзишии “Асосҳои лоиҳасозӣ”, ки рӯзи 6-уми феврали соли равон оғоз ёфта буд, идома дорад. Он бо ибтикори Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода бо ҳадафи такмили ихтисоси кормандон, мутахассисони ҷавон ва сарварони шуъбаҳо, ҳамчунин марказҳо роҳандозӣ шуд.
Ҷонишини Директори Китобхона Гадобек
Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию ичтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд.
Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард. Дар баробари он дар рўзҳои идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан либосҳои рангию гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро
Дуюмин сол аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии “Эҳдои китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун соле пеш субҳи имрӯз низ Шӯъбаи кӯдакон ва наврасон ба хонандагони хурдсолаш китоб туҳфа намуд.
Хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон аввал дар бораи ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ маълумот гиифтанд. Сипас, бо хоҳиши кормандони Шуъба дар бораи китоб шеъру байтҳо хонданд.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангом ва бармаҳали мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ
МАҶИДОВА ГУЛЧЕҲРА АЗИЗОВНА
андуҳгин буда, барояш аз даргоҳи Худованди Маннон Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Имсол яке аз забоншиносони барҷастаи кишвар Мадиброҳим Норматов ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Сар аз аввали моҳи ҷорӣ ба ифтихори зодрӯзи устод дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо мақолаҳо ва садҳо табрикоти шогирдон аз гӯшаву канори кишвар интишор ёфтанд. Ин маҳбубияти як устод ва қадршиносии шогирдон буд.
Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми Зфилология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966).
Мадиброҳим Норматов соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро
