Имрӯз аз сари субҳ фавҷи сокинон, ки бештари онҳо донишомӯзони мактабҳои миёнаву олии пойтахт ва атрофи он буданд, ҷиҳати боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин даргоҳи маърифату дониш омаданд. Ба ифтихори Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” Рӯзи дарҳои боз эълон шуда буд.
Дар ин рӯзи дарҳои боз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал
Масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров зикр мекунад, ки «имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз
Маҳфили набатии “Ҳамешабаҳор” бегоҳии рӯзи 4-уми апрели соли равон дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, ҳанармандон, мухлисони шеъри ноб, хонандагон баргузор мегардад. “Ҳамешабаҳор” маҳфилест, ки аз ҷониби Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи “Пайрав” барпо мешавад ва ҳар маҳфил мавзуи хос дорад.
Субҳи имрӯз дили Фарҳоди Карим, як тан аз ноширони маъруфи тоҷик, дар Душанбе аз задан бозмонд. Фарҳоди Карим солҳои охир аз бемории дил ранҷ мекашид ва имрӯз дар баҳори 61-уми умр дунёи фониро падруд гуфт. Ӯ чанд соли охир вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба ӯҳда дошт.
Фарҳоди Карим ҳамчун ношир ва мудири нашриёти давлатии «Адиб» кор карда, дар нашри
Панҷ нафар аз ҷумлаи донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва 8 нафар донишҷўёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бўйдоқов, ки дар Китобхонаи миллӣ аз таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, муддате дарс дар мавзуи “Қоидаҳои умумии бехатарӣ дар Китобхонаи миллӣ” шуниданд.
Ҳадафи роҳандозии дарсҳои бехатарӣ барои коромӯзон ҷалби онҳо ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар Китобхона мебошад.
Ин ном барои хонандагон ошност. Ин нависанда ҳамчунон дахолати бевосита ба пасту баланди ҷараёни адабӣ надорад ва низ хеле дер ба узвияти Иттифоқи нависандагон (соли 2000) пазируфта шудааст. Манзураш аз адабиёту аз узвият ба Иттифоқи нависандагон суд ҷустан ҳам нест, балки ӯ аз силки онҳоест, ки ҳавасҳои некӯ гуфтан эшонро ба адабиёт овардааст.
Дар жанри ҳикоя қарор гирифтани интихоби нависанда ва мувофиқати диду услуби эҷодӣ дар сатҳи биниш ва тафаккури бадеии ӯ рамзи мустақилияти эҷодӣ ва озодии рӯҳу таасурот ва шинохти воқеият аз бархӯрдҳои хурду калони зиндагист, ки чунин падида дар эҷодиёти ӯ равшан
