Кайҳон дар хизмати Замин. Оё ин дуруст аст?

  Кайҳон ва кайҳонавард мавзӯъи аслии суҳбате буд, ки чанде пештар дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон баррасӣ шуд. Аслан “Дастони моҳир”, ки маҳфили созандагони наврас аст, ин бор ба ифтихори Рӯзи кайҳонавардон доир шуд. Ҳар сол дар ин маҳфил ёде аз ин рӯз мешавад. Аммо ин бор на дар бораи Юрий Гагарин-аввалин кайҳонаварди олам, балки дар бораи Кайҳон ва худмати он барои мо заминиён суҳбат шуд. Яъне, Кайҳон барои Замин чӣ медиҳад ва ин сарфи миллиардҳо

«ВАЗИФАИ ОЛӢ»-ро дар Китобхонаи миллӣ тамошо кунед

  Муаррифии филмҳои тоҷикро бахшида 90-солагии кинои тоҷик идома медиҳем. Соли 1958 киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсоли филми бадеӣ «Вазифаи олӣ»-ро аз рӯи асари Л. Ҳалимҷонов, коргардон Б.Кимёгаров, наворбардор М.Шуриков, бастакор С.Баласанян, матни сурудҳо аз шоир А.Сидқӣ ба роҳ монд.

Филми «Вазифаи олӣ»-ро, ки ба киностудияи «Тоҷикфилм» муваффақияти муайяне овард, драмаи лирикӣ ҳисобидан мумкин аст. Филм дар бораи тақдири духтури ҷавон Зулфия

Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

  Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоя аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳр­ҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузург­тарин ва ғанитарин китоб­хонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ - форсӣ

Аҳлидин, майли ҷавонӣ мекунад дил, чора чист?

  АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ 15 апрели соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъдан корманди нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1980-1989)

Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад

  Садриддин Айнӣ як саҳифаи сифатан нав дар таърихи адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Агар аз асри IX-X то асри XX адабиёти мо классикӣ ва оламгир дониста мешуд, вале тарзу тариқи тасвираш асосан романтикӣ, равонӣ ва ирфонӣ буд. Аммо аз ибтидои асри XX сар карда, дар афкори адабии тоҷикии мо тағйироти сифатӣ ба вуҷуд омад.

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

  Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мутахассиси пешбари шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайёра Каримова ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми ДУХТАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён мекунанд.

Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Страницы