Ёде аз Ибод Файзуллоев дар 84-умин солгарди таваллудаш

  Имрӯз – 12 апрел бо солгарди зодрӯзи шахсияти маъруфи сиёсӣ – иҷтимоӣ, адиби саршинос, журналисти варзида, шодравон Ибод Файзуллоев мусодиф аст. Ёде аз устод ва инсони наҷиб ин як ҳақиқат будааст. Як ҳақиқату воқеияти ҳаёт. Масалан, бо шахсе солҳои зиёд ҳамкору ҳамнишину ҳамсӯҳбату ҳаммуошират ҳастӣ, вале мушоҳида мекунӣ, ки таъсиру нақши ин ҳамнишинӣ дар зиндагиат ҳеҷ будааст, сифр будааст. Ҳатто ду се сухан дар ҳақаш гуфта наметавонӣ.

Зарфи се моҳи соли равон Китобхонаи миллӣ 6 ҳазору 958 аъзои нав пайдо кардааст

   Дар семоҳаи аввали соли 2019-ум  5517  нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  78225,54  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд.   Ба захираи умумии Китобхона 5048 нусха ба маблағи умумии  70276,54  сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла,  китобҳо – 4320  нусха, маҷаллаҳо – 581 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ- 16 нусха, нотаҳо-15  нусха, диссертатсияҳо – 105  нусха, СD DVD - 11 дона.  Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –436  нусха китоб ба маблағи умумии – 7617,00 

Китобхонаи миллӣ дар як гузориши тасвирӣ

  Ин суратгузоришро ҳамкори мо Абдуғаюр Саломов омода кардааст. Як силсиланавор аз имрӯзу дирӯзи Китобхонаи миллӣ дар пасманзараи як шеъри хуби шоири хубамон Давлат Сафар. Давлат Сафар ин шеърашро ба Китобхонаву китоб бахшидааст ва Абдуғаюр онро қироат кардаву суратҳоро омода кардааст.

Пас бубинеду бишнавед. Ва лутфан ташриф оред ба ин боргоҳи маърифат, ки беҳтарин ҷой барои мутолиа ва дарёфти маърифат аст.

Китоби дарсии “Табиатшиносӣ” барои синфҳои сеюм

  Китобе, ки дар борааш нақл карданием, “Табиатшиносӣ” ном дорад. Ва чуноне аз номаш пайдост, китобест дар бораи табиат. Мураттибон дар сарсухани он навиштаанд:   Агар шумо ба китоб дуруст муносибат кунед, мавзўъҳои онро бо диққат хонед, аз бисёр ҳодисаҳои олами атроф бохабар мешавед. Инчунин китоб барои бехатарии ҳаёт ба шумо маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Омўзиши олами атроф барои ҳар як шахс зарур

Бозгул Додхудоева 80-сола шуд

  Бозгул Додхудоева дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушода баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст.

 Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири

 

90 соли синамои тоҷик: Муруре ба таърихи офариниши филми «Қисмати шоир»

  14 марти соли 1959, яъне 60 сол пеш «Тоҷикфилм» филми ҳунарии «Ғисмати шоир»-ро ба навор гирифт, ки он асари барҷастаи бадеии кинематографияи миллии тоҷик гардид. «Қисмати шоир» ба истиқболи ҷашни 1100 солагии рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти классики тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ наворбардорӣ шуд. Сенарияи филм ба қалами нависандаи бузурги тоҷик, кинодраматург Сотим Улуғзода тааллуқ дорад. Муаллиф кори бағоят мураккаби худро чунин тафсил дода буд

Страницы