Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст...

Абдуллоҷон Юнусов даргузашт (1937-2015)

Қалби пуртапиши олими пуркор, номзади илми филология, дотсент, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи рўзноманигорони ҷумҳурӣ Абдуллоҷон Юнусов, ки муддати 55 сол дар Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва баъдан Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт, аз задан бозмонд.

Ў ба ҳайси сарвари шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дар ҷамъоварии нусхаҳои қадимаи қаламии камёфт ва осори гаронбаҳои чопи сангию муосир мақоми хос дорад.  

Устод дар баробари кори китобдорӣ ба пажўҳиши масоили мубрами соҳаи китобдорӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ низ машғул шудааст. Асарҳои «Таърихи забоншиносии тоҷик» (иборат аз 5 ҷилд), «Аҳмади Дониш» (2 ҷилд), «Китобшиносии Фирдавсӣ ва Шоҳнома» (2 ҷилд), «Рўдакӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Такомул ва инкишофи забоншиносии тоҷик», «Додоҷон Тоҷиев», «Вера Расторгуева», «Алберт Хромов» ва мақолаҳои илмию оммавӣ ва ахбории ў шахсияти илмиашро ҷовидон медорад.

 Устод Абдуллоҷон Юнусов дар бисёр конфронсҳои илмӣ-амалии ватанию хориҷӣ ширкат варзида, дар таҳия, тарҷума ва таҳрири барномаҳо, дастурҳои методӣ, библиографӣ ва маҷмўаҳои илмӣ саҳм гузоштааст. Роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз даргузашти бармаҳали мураббии камназир, донишманди пӯхтакор ва инсони шарифу меҳрубон Абдуллоҷон Юнусов сахт андуҳгин буда, барои марҳум хонаи ободи охират, биҳишти барин ва ба бозмондагонаш аз даргоҳи Худованди меҳрубон сабри ҷамил хоҳон аст.  

  Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

 Шамъ чун хомуш гардад доги махфил мешавад.

  Ёди устоди арҷманд ба хайр!  

Дар амал то дер бозию дарозӣ мумкин аст

     Агар иттифоқан як замоне аз «рекордсмен»-ҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сухан ба миён ояд, бешак, аввалин шуда ному насаби Абдуллоҷон Юнусов ба забон оварда мешавад. Ва ду маротиба: аввалан 54 сол собиқаи меҳнатии бетанаффус дар ин боргоҳи маърифат, сониян аз рўи теъдоди таълифот-беш аз 600 осори чопӣ! Роҳбарии қариб нимасрааш ба яке аз шўъбаҳои муҳимтарин-шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам шояд рекордӣ гардад.        

  Абдуллоҷон Юнусов соли 1959 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро ба поин овард ва дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) ба фаъолият пардохт. Азбаски бо хатти классикӣ хуб ошно буду аз боғи муаттари адабиёти классики форс-тоҷик гулҳои зиёд чида, перомуни ҳавзаҳои илмию адабӣ, марказҳои хаттотӣ, нусхашиносӣ, таърихи инкишофи хат ва ғайра маълумоти лозим дошт, бо дили гарм дар шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир аз паи кор шуд. Ин шўъба бемуболиға, ҳамеша зиёратгоҳи бузургон-чеҳраҳои барҷастаи илму адаб аз дохилу хориҷ буд. Як нигоҳе ба китоби қайдҳои меҳмонон кофист, ки чӣ номҳое дар он сабт шудаанд.      

Ё бо соири ҳамкорон ба кулли марказҳои муҳими илмию фарҳангии Тоҷикистон, инчунин манотиқи тоҷикнишини Узбекистон сафари хидматӣ намуда, дастхату китобҳои нодир гирд меоварад. Охир осори пешинагон ягона василаест, ки имрўзиёну ояндагонро бо масоили мухталифи таърихӣ, илмию адабӣ, иҷтимоию фарҳангии пешинагонамон ошно месозад. Ҳамзамон ҳамвора тариқи даъвату хоҳиш ва мукотиба аз мардум дар кори хайри  гирдории дастхату китобҳои нодир мадад мехоҳад ва тавфиқ меёбад.          Абдуллоҷон Юнусов дар танзими библиографии дастнавису китобҳои нодир хидмати босазо намуда, бо истифода аз таҷрибаи марказҳои осори хаттии дигар кишварҳо табақабандии онҳоро бо феҳристи алифбоӣ бо номи «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» дар се ҷилд мутобиқан солҳои 1971, 1978 ва 1981 тақдими аҳли фаҳм намуд.

Мавсуф соли 1973 дар мавзўи «Масъалаҳои забоншиносии тоҷик» таҳти роҳбарии профессор Додоҷон Тоҷиев рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва соҳиби унвони илмии номзади илми филология  шуд. Минбаъд перомуни паҳлўҳои гуногуни забоншиносии тоҷик мақола ва очеркҳои зиёди илмӣ ба табъ расонд, аз миёни китобдорон чун муҳаққиқи забони модарӣ низ ном ёфт. Китобномааш «Таърихи забоншиносии тоҷик» (дар 5 ҷилд) сазовори баҳои баланди мутахассисон гардид.      

 Бо қалами Абдуллоҷон Юнусов беҳтарин дастурҳои библиографии миллиамон - «Аҳмади Дониш», «Рўдакӣ», «Нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Авесто»-китоби муқаддаси зардуштиён», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Вера Расторгуева», «Алберт Хромов» ва ғайраҳо мансубанд.

Умуман, бобати масоили умдаи китобшиносӣ, забоншиносӣ, шеваҳои ташкили феҳристи китобхона, таҳияи истилоҳоти миллии китобдорӣ, дигар паҳлўҳои хадамоти библиографӣ таълифоти зиёд кардааст. Агар ҳама мақолаю гузоришҳо, очеркҳои илмию оммавӣ, тақризу китобиёт, мусоҳибаю  мубоҳисаҳои ўро дар матбуоти ватанию хориҷӣ баршуморем, рақам аз 600 убур мекунад. Ҳар чӣ нигоштааст, ба китобу китобдорию китобхонаву китобшиносон марбут аст. Бо заҳматаш ба гулбоғи китоб баҳору ба кошонааш сафо овардааст.        

 Дилбастагони осори ниёгон, пажўҳишгарон ва хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон варо чун маслиҳатгару ёвар эҳтиром менамоянд. Ҳамнишинию  ҳамкорӣ бо Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Додоҷон Тоҷиев, Тўрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Аълохон Афсаҳзод барин донишмандони тоҷик, инчунин китобшиносони маъруфи Шарқ Муҳаммад Аъзами Сиистонӣ, Муҳаммади Раҷабӣ, Музаффар Олими ҳиндӣ ва дигарон Абдуллоҷон Юнусовро парвариш доданд.

Шарқшиносони маъруф Михаил Боголюбов, Леонард Герсенберг, Алберт Хромов, Иржи Бечка, Манфред Лоренс фаъолияти илмию китобдориашро борҳо қадр намудаанд. Хидмати ин сарсупурдаи фарҳангу маърифат дар таҳриру тарҷумаи дастурҳои методию библиографӣ низ чашмрас аст.        

Абдуллоҷон Юнусов дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мўи мушкфоми ҷавонӣ гарди орди хирад афканд ва замини ҳамвори пешониро чин болои чин кард, аммо ин ҳама бо як эҳсоси хушҳолӣ. Имрўз ҳам намегузорад, ки заъфи пирию саломатӣ бар эшон гузар кунад, дар гўшаи боми хеш пойбанди заъф нест, чун қаблӣ босамар заҳмат мекашад. Орзумандем гулзори эҷодаш чун баҳорон гул-гулшукуфт, сараш сабз ва ҷисмаш рустамона сиҳату саломат бошад. Тавре устоди устодон Абуабдуллоҳи Рўдакӣ мефармояд:  

Дар амал то дер бозию дарозӣ мумкин аст,

Чун амал бодо туро умри дарозу дербоз.  

Исмоил Cаидзода, мутахассиси пешбар, шўъбаи илмӣ-таҳқиқотии КМТ  

P.S. Ин мақола каме пештар, аниқтараш 6-уми июни соли 2015 дар нашрияи “Садои мардум” чоп шуда буд.