Кабутари сафед – сулҳ.
Нишонаи умед – сулҳ.
Ба хоби шаб кабутарон
Ҳама аз амният нишон.
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар
Дар замоне матлаби мо ваҳдату эҳё набуд,
Ҳамдиливу хуррамиву растан аз ғавғо набуд.
Изтироб дар сина буду ноумедӣ дар басар,
Ҷуз балову ғадру шар моро дигар савдо набуд.
Шеди оламгир агар анвори худ пошид ба сар,
Шамъи дилҳоро мудом аз буғзу кин маъво набуд.
Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.
Китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забон ва замон» аз чоп баромад, ки марҳилаи таърихи густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри XII то ибтидои асри XX фаро мегирад. Дар он аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ маълумот оварда шудааст. Китоб бо забони содаву фасеҳ ва сабки илмию оммавӣ таҳия гардида, барои доираи васеи дўстдорони забони ноби тоҷикӣ, таърих ва адабу фарҳанг пешбинӣ гардидааст.
Чаро дев? Чӣ тавр ин вожа метавонад ба тағйири қавм таъсири амиқ бирасонад? Охир, аз рўйи ақидаи хурофотӣ ин дев беш аз як ғўл (гул) нест. Тибқи гузориши фарҳангу доиратулмаорифҳо ин дев маҳлуқест болобаланду калонҷусса, пурзўру тавоно. Ин тавсиф дар тўли садсолаҳо бо эҷоди устураву афсона, адабиёти даҳанию хатии мардумони эронинажод ба миён омада, ба фарҳанги ҳамсояқабоил низ нуфуз намудааст. Афзуда аз ин, вожаи «дев» хеле қадимист. Дурустии ин ақидаро луғоти мардумони Урупо, ба вижа юнонию русӣ таъйид мекунанд. Имрўз ҳам номи ин вожа ба юнонӣ Zeus (Зевс); ба русӣ «дев»,
Абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон Тоҷикистонро фаро гирифта, мардумро ба муқовиматҳои дохилӣ барангезониданд, ки аз натиҷааш зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум талхии ятимиро чашиданд. Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хосса ба махозини илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ хароб гардиданд ва наздики 120 ҳазор нафар хонандагон