Мулоқоти Шермуҳаммад Шоҳиён бо Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб дар Китобхонаи миллӣ

То зуҳри имрӯз, 17-уми октябр дар Китобхонаи миллӣ  мулоқоти Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.

Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.

“Номаҳои меҳргонӣ” аз чоп баромад

Файласуфи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар китоби «Наврўзи оламафрўз ва дигар идҳои суннатии сол» рисолае таълиф кардааст, бо унвони «Меҳргон», ки дар он дар заминаи тадқиқи осори таърихию мардумшиносӣ, дар бораи пайванди Наврўз бо Меҳргон, чигунагии таҷлили ин ду ҷашни бостонӣ дар замони ҳукмронии сулолаи шоҳони ориёитабор, суннатҳои халқии ҷашни Меҳргон, хусусан Меҳргони хоса ва омма, маълумоти ани

Афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толори кӯдакон ва наврасон

Зарфи ду ҳафтаи аввали моҳи октябр 1589 нафар хонандагон  вориди толори кӯдакон ва наврасон шуданд ва Назира Толибова-сардори шуъба инро навиде аз афзоиши таваҷҷуҳи наврасон ба китоб ва китобхона медонад.  

Шуъбаи кӯдакон ва наврасон аз афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толори хониш хабар медиҳад. Бино ба оморгирии ахир зарфи ду ҳафтаи гузашта 1 ҳазору 589 нафар хонандагон вориди толори хониши ин шуъба шудаанд.

Навъи китобхонаҳо

Фаъолияти китобхонаҳо дар иртибот бо соҳаи китобдорӣ, дастхӯши таҳаввулот ва тағйирёбӣ ҳастанд. Зимни ворид шудан ба китобхона хонанда бароҳат ва ба суръат ба маводи марғуб ва хостааш дастрасӣ ёбад, аз ин лиҳоз китобдорон муваззафанд дар иртибот бо рушду такомул ёфтани фаъолияти китобхонаҳои олам, таҷриба ва пешрафти кори китобхонаҳои кишварҳоро пайваста биомӯзанд ва дар ин асно беҳтарин

Роҳнамое барои китобдорон

Нерўи  ақлии  инсон  ҳамвора дар ташаккул аст ва дар ин росто мақому манзалати китоб баланд буду пеш меравад. Ҳар ҷомеае, ки ба китоб такя мекунад,  дорои ояндаи пирузу комёбиҳо  мебошад.  Ҳоло китобу  китобшиносӣ ба сифати илм пазируфта мешавад. Аз замони соҳибистиқлолии кишвар 26 сол сипарӣ шуда бошад ҳам  аз ҷониби олимону мутахассисон зери ғамхории пайваста Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои соҳаи китобдорӣ, библиография­шиносӣ тоҷик аз ҷумла  ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳияи консепсияҳо, барномаҳо рушд ва маводи илмию таълимӣ ба дастовардҳои  назаррас  ноил  гардиданд. Саҳми устодони варзида  Раҳимҷон Шарофзода, Ҷураев Ислом Акрамович,

Се ҳамсинф

Надонистам ва шояд аз он ки напурсидам, ки ин се танро кадоме ба китобхона ташвиқ намуд, чун ҳар се хонандагони як синф аз як муассисаи таълимӣ буданд. Аммо ҷолиб буд, ки акнун ба Китобхонаи миллӣ гуруҳӣ ва бо майли худ меоянд ва аъзо мешаванд. Он ки аз ин узвият бурд мекунанд, ин иқрори худи онҳост. Барои мо он нукта ҷолиб буд, ки ҳоло хонандагони макотиби миёна мутолиа дар Китобхона ва ҳатто омодагӣ ба дарсҳои рӯзи

Страницы