“Дар суҳбати соҳибдилон” бо Раънои Мубориз

Маҳфили навбатии “Дар суҳбати соҳибдилон” бо ширкати шоираи маъруф Раънои Мубориз баргузор шуд ва ширкаткунандагон имкон доштанд бо шоира дар бораи ашъораш баҳс кунанд.

Мавзуъи Ватан, модар, замон дар муколамаи ширкаткунандагони маҳфили Дар суҳбати соҳибдилон бо шоираи маъруф Раънои Мубориз баҳс шуд.

Чаро дар китобхона китоб бояд хонд?

Он ки донишомӯзон меоянд, боз ҳам мояи хушнудист. Пас маълум мешавад, ки Китобхонаи миллӣ ниёзҳои ҳамагонро бароварда месозад. Китобҳои дарсӣ ё гаронанд ва ё камёфт, вале ин мушкилро Китобхонаи миллӣ ҳалл мекунад. Ҳар сол садҳо номгӯ китобҳои тозачоп бо ҳар роҳ вориди ин боргоҳи маърифат мешаванд, ки дар миёнашон китобҳои илмиву дасрӣ кам нестанд. Ва бо чизи дигар: хонадагони мактабҳои миёна бештар меоянд. Аз ин гарм истиқбол мекунем. Онҳо, ки наврасонанд ва чун дар ин синну сол роҳи китобхона ёфтанд, яқинан дигар онро гум нахоҳанд кард.

Инсон дар ҳаёти хеш чанд маротибаҳо лағжишу афтишҳоро аз сар мегузаронад. Борҳо ин мушкилиҳо сабаби тарки фаъолияти касбӣ ё худ дурӣ аз ҳадафҳои пешгузошта мешавад. Андеша сари ин мавзўъ меравад, ки чаро мо бештар дар мушкилоти зиндагӣ дармемонем ва дар

Тасаввури кӯдаконаи гурбаҳои зебо

Чун анъана субҳи имрӯз, панҷшанбе дар Шубаи кўдакон ва наврасон  маҳфили эҷодии «Дастони моҳир» баргузор гашт. Мавзуъ тасвири гурба аз назари атфол буд ва дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат карданд.

Мураббӣ дар оғоз мавзуъ ва ҳадафи онро шарҳ дод ва барои он ки бачаҳо тасаввури бештар ҳосил кунанд, аз филмҳои ҳунарии машҳуре чун «Том ва Ҷеррӣ»,  «Хонаи гурбача» ёдовар шуд. Ин

Некрӯз Мансуров: Тибқи меъёрҳои китобдорӣ як нафар набояд беш аз 10 - 15 дақиқа интизори китоб бошад

Омилҳои афзоиши теъдоди хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва узвият дар китобхона. Ин буд мухтасари суҳбати мо сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ Некрӯз Мансуров

- Дар мавриди омадурафти хонандагон ба Китобхонаи миллӣ, хусусан аз шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён чӣ гуфта

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

Алочабофӣ дар Феҳристи миллии фарҳанги ғайримоддӣ дар бахши касбу ҳунарҳо таҳти рақами Е037 бақайд гирифта шудааст.

Алочабофӣ дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кўлоб ва дигар шаҳрҳо маълум буд. Дар Осиёи Марказӣ алоча ба номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маълум аст. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд, фарангӣ ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешимӣ номида мешуд. Алоча матои раҳдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз роҳҳои ҳаррангаи қабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку зафар»

Нигоҳе ба таърихи библиографияи тоҷик

Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ кўшиш ба харҷ додаст, ки саҳифаҳои китобхонашиносиву китобдорӣ ва хусусан библиографияи ниёконро мавриди омўзиш қарор диҳад. Дар он  таърихи библиографияи ниёкон давра ба давра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта,  дастовардҳои ҳар як давра мушаххасан арзёбӣ шудааст.
Библиография ҳамчун соҳаи илм ҳоло ҷавон аст.

Страницы