Мулоқоти Шермуҳаммад Шоҳиён бо Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-10-17 17:33
То зуҳри имрӯз, 17-уми октябр дар Китобхонаи миллӣ мулоқоти Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.
Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунгузорӣ доранд ва метавонанд барои мусоидат дар таъмини суботу осоиштагӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманди дуҷониба ҷорӣ кунанд.
Ҷонибҳо аз равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба пойдории волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, иҷрои барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дуҷонибаи ҳамкории мутақобилаи судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, супоридани шахсон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукмҳо табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи амалияи судӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ изҳор намуданд. Зикр карда шуд, ки якдигарфаҳмӣ миёни ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат ба ташаккули дурнамои муносибатҳои дӯстонаи манфиатбахш мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, ҷонибҳо аз маҷмуи васеи масоили вобаста ба муносибати дўстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, роҷеъ ба пойдории волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва рафти таъмини иҷрои барномаҳои ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дуҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилаи судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, супоридани шахсон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукмҳо табодули афкор намуданд.
Прокурори Генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдуллоҳ ал Муаҷиб ба Раиси Суди Олии Тоҷикистон барои қабул ва суҳбати самимӣ миннатдории хешро баён намуда, ҳарду ҷонибҳо ба ҳамдигар дар кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо ва натиҷаҳои хуби корӣ орзу намуданд.
Меҳмонони олиқадр имрӯз ҳамчунин аз Китобхонаи миллӣ ва бахусус бахши Дастхатҳои Шарқ дидан карданд. Ба онҳо нигаҳодории дастхатҳои нодир, нусхаҳои қаламии куҳан басо писанд омад.
Акси Хусрави Милод