Афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толори кӯдакон ва наврасон

Зарфи ду ҳафтаи аввали моҳи октябр 1589 нафар хонандагон  вориди толори кӯдакон ва наврасон шуданд ва Назира Толибова-сардори шуъба инро навиде аз афзоиши таваҷҷуҳи наврасон ба китоб ва китобхона медонад.  

Шуъбаи кӯдакон ва наврасон аз афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толори хониш хабар медиҳад. Бино ба оморгирии ахир зарфи ду ҳафтаи гузашта 1 ҳазору 589 нафар хонандагон вориди толори хониши ин шуъба шудаанд.

Назира Толибова, мудири ин шуъба мегӯяд афзоиши хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон бештар ба оғози дарсҳо дар макотиби миёна иртибот дорад. Аксари касоне, ки ба толори хониш меоянд, бештар китобҳоеро суроғ мекунанд, ки муаллимон вазифа супурдаанд.

Гузашта аз ин сафи хонандагони хурдсол бештар шудааст. Қариб ҳамаи кӯдакон дар ин толори хониш китобҳои бадеии кӯдакона мехонанд. Иддае ба хониши ҳар гуна энсиклопедияҳо шавқ доранд.

Дар шуъба барои қонеъ намудани эҳтиёҷи хонандагон ҳама шароитҳо фароҳаманд. Аксари китобҳое, ки маъмулан дархост мекунанд, дар толор вуҷуд доранд.

Сафи касоне ҳам, ки аз воситаҳои электронӣ истифода мекунанд, меафзояд. Қариб ҳамеша компутерҳои шуъба муштарӣ дорад ва ҳар хонанда мувофиқ ба завқаш чизе меёбад, ки бихонад ва ё машғулияте дорад, ки ба он машғул шавад.

Сафи хонандагон бахусус рӯзҳои истироҳат зиёд аст ва дар ин рӯзҳо аз 180 то 220 нафар ташриф меоранд. 

Назира Толибова ҳамчунин мегӯяд моҳи октябри соли 2016 ба ин толор ҳамагӣ 891 нафар ташриф оварда буданд, аммо имсол танҳо дар ним моҳ 1589 нафар. Инро метавон навиди хуше донист, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба китоб ва китобхона меафзояд.