Се ҳамсинф
Нашр шуд 2017-10-14 16:47
Надонистам ва шояд аз он ки напурсидам, ки ин се танро кадоме ба китобхона ташвиқ намуд, чун ҳар се хонандагони як синф аз як муассисаи таълимӣ буданд. Аммо ҷолиб буд, ки акнун ба Китобхонаи миллӣ гуруҳӣ ва бо майли худ меоянд ва аъзо мешаванд. Он ки аз ин узвият бурд мекунанд, ин иқрори худи онҳост. Барои мо он нукта ҷолиб буд, ки ҳоло хонандагони макотиби миёна мутолиа дар Китобхона ва ҳатто омодагӣ ба дарсҳои рӯзи дигар дар ин муассисаро хуш қабул кардаанд.
Сумаяи Садриддин хонандаи синфи 9 аст ва дар Гимназияи рақами 2 таҳсил мекунад. Вай мегӯяд, чандест орзу дошт узви китобхона шавад ва ҳоло ин орзуяш ҷомаи амал пӯшидааст.
- Хеле хушҳолам, ки ба Китобхона омадаму имрӯз аъзои ин Китобхонаи бонуфуз шудам. Ман имрӯзро дар дафтари ёддошҳоям сабт хоҳам кард. Ростӣ, банда мутолиа намуданро хеле дӯст медорам. Пайваста китобҳои бадеӣ мехонам. Азбаски дарсҳои мо дар басти авваланд, ман баъди дарс инҷо меояму ҳудуди 2 соат вақти хешро мегузаронам ва боз хона рафта ба корҳои хона ба модарам ёрӣ хоҳам расонд. Тасмим гирифтам, ки бояд дар як ҳафта 3 маротиба ба китобхона ояд. Мехоҳам то охири соли равон ҳудуди 20 китоби бадеиро мутолиа намоям.
Муртазои Фарухҷон низ ҳамсинфи Сумая аст. Вай мегӯяд бо Китобхона ғоибона аз тариқи кадом барномаи телевизионӣ шинос шуд.
- Ҳар боре Китобхонаи миллиро тариқи телевизион медидам, маро низ ҳаваси инҷо омадану мисли хонандагони дигар китоб хондан мегирифт. Ниҳоят, ин рӯз барои ман фаро расид. Мана чи тавре, ки мебинед, ман акунун аъзои комилҳуқуқи Китобхонаи миллиам. Акнун метавонам, аз он шуъбаҳое, ки барои ман иртибот дорад, ройгон истифода намоям. Банда, шахсан аз номи худам ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоям, ки барои мо ҷавонон чунин шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд.
Рухмина Сафарова низ аз ҳамин дабистон аст ва ӯ низ дар синфи 9 таҳсил мекунад. Аммо вай мегӯяд се сол аст, ки аъзои Китобхонаи миллист ва тӯли ин ду сол ҳамеша вақти холии худро дар ҳамин боргоҳи маърифат мегузаронад.
- Банда аз соли 2015 то инҷониб узви китобхонаам. Бори аввал ҳамроҳи волидайнам вориди Китобхона шуда будам аз хизматрасонии кормандон қаноатманд будем, имрӯз ман шодам, ки хизматасонӣ дар сатҳи баланд аст. Дар тӯли ин солҳо қариб ҳамаи китобҳои устод айниро хондам, аз ҷумла “Одина”, Марги судхӯр”, “Ғуломон”.... Ҳар ҳафта чанд маротиба баъди дарс меоям ва бароям хеле маъқул аст, ки ин ҷо дарс тайёр кунам. Китобҳои дарсӣ ҳам пуранд ва метавон пурра дарс тайёр кард ва пас хона рафт.
Суҳбати Моҳираи Раҷаб
Суратгир Хусрави Милод