Фаъолияти китобхонаҳо дар иртибот бо соҳаи китобдорӣ, дастхӯши таҳаввулот ва тағйирёбӣ ҳастанд. Зимни ворид шудан ба китобхона хонанда бароҳат ва ба суръат ба маводи марғуб ва хостааш дастрасӣ ёбад, аз ин лиҳоз китобдорон муваззафанд дар иртибот бо рушду такомул ёфтани фаъолияти китобхонаҳои олам, таҷриба ва пешрафти кори китобхонаҳои кишварҳоро пайваста биомӯзанд ва дар ин асно беҳтарин раванди корбурди китобхонаҳои ҷаҳонро истифода кунанд. Тамоми ҷомеаи дунё ба сӯи таҳаввул гом бар медоранд, дар кишварҳое ҳам, ки тафовути бисёр ба якдигар доранд, иттилоот нақши босазое дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ доштааст.
Китобхонаҳо бар асоси созмонҳое, ки ба онҳо хидмат арза мекунанд, дастабандӣ мешаванд.
Муфассалтар дар ин бора: Навъи китобхонаҳо