Соҳибунвонҳо ва ҷойизадорони Тоҷикистон

Ин китоби навест, ки бо талоши Ёрмуҳаммади Сучонӣ омода шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост, дар бораи шахсиятҳои соҳибунвон ва ҷоизадор ҳикоят мекунад.

Тавре дар сарсухан омада, аз даврони пеш барои комёбӣ дар ин ё он ҷабҳаҳои ҳаёт одамон ба унвон ё ҷойиза сазовор мегардиданд, аз ҷумла дар артиш рутбаҳо вуҷуд дощтанд, уламои бузурги давр, шуарои номвар аз қабили «аллома», «мавлоно», «ҳаким», «хоҷа» унвон мегирифтанд.

Мардумамон устод Рўдакиро «одамушшуаро», Фирдавсиро «ҳаким», Синоро «шайхурраис», Ҳофизро «хоҷа», Саъдиро «шайх», Ҷомиро «мавлоно» меномиданд.

Танҳо баргузидаҳо унвону ҷойиза мегирифтанд.
Вале унвону ҷойиза расман даврони шўравӣ падид омаданд.
Давлати бузурги шўроҳо ҳанўз солҳои сиюми қарни гузашта унвону ҷойизаҳои умумииттифоқӣ (Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Артисти Халқии СССР, ҷойизаи ленинӣ, ҷойизаи давлатии СССР ва ғайра) таъсис дод, ки ба намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ эҳдо мегардид. Ҳамзамон ҳар як ҷумҳурӣ унвону ҷойизаҳои давлатии дохилиро ба роҳ андохт.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Шўравӣ аз ин имтиёз истифода бурда, унвонҳои фахрӣ ва ҷойизаҳои давлатии умумиҷумҳуриявиро созмон дод. Азбаски даврони шўравӣ давлат амалан ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаётро идора мекард, тақрибан дар ағлаб соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, адабиёт фарҳанг, илму маориф унвонҳои расмӣ роҳандозӣ ва амояндагони беҳтарини ҷабҳаҳо баонҳо тақдир мегардиданд.

 

Барчаспҳо: