Зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ 27 ҳазору 176 нафар афзудааст
Нашр шуд 2017-09-29 14:00
Теъдоди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба нуҳ моҳи соли 2016 бо теъдоди 13 ҳазору 114 нафар афзудааст.
Яъне, дар нуҳ моҳи соли 2017, аниқтараш то 28-уми сентябри соли 2017 ба узвияти Китобхонаи миллӣ 27176 нафар хонандаи нав пазируфта шуд.
Аз моҳи январи соли 2017 то 28-уми сентябри соли 2017 ба шуъбаву толорҳои Китобхонаи миллӣ 355 ҳазору 318 нафар хонандагон ташриф оварданд, ки ба ҳисоби миёна дар як моҳ 39 ҳазору 480 нафар мебошад.
Нисбат ба нуҳ моҳи соли 2016 теъдоди омаду рафти хонандагон 116655 нафар зиёд аст.
Суратгир Хусрави Милод
Парвина Қадимова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ