Фоҷеаи зиндагии Сотим Улуғзода аз диди профессор Худайназар Асозода

Баъди муҳоҷирати Азиз ба хориҷа ва қабули шаҳрвандии Британия Сотим Улуғзода дучори таъқибҳо гардид ва аз сафи ҳизби коммунист ронда шуд. Албатта, қабл аз ин ки ӯ аз ҳизб ронда мешавад, сардамдорони ҳизби коммунисти Тоҷикистон адибро маҷбур месозанд, то ки ба таври расмӣ Азизро «оқ» кунад ва аз баҳраш гузарад. Аммо Сотим Улуғзода фармоиши он сангдилонро амалӣ накарда, балки ҳама таҳқир ва фишори маънавиро худ қабул менамояд. Дар натиҷа он кӯрдилон осорашро аз чоп мононданд, таълими эҷодиёташро аз барномаю китобҳои дарсӣ бардоштанд.

Сотим Улуғзода аз 2 октябри соли 1946 то нимаи дуюми солҳои шастум рӯзгори якнавохт дошт. Ин солҳо ӯ ба ягон вазифаи расмӣ пешбарӣ нашуда, балки ба кори эҷодӣ машғул мегардад. Солҳои 1967-1969 ба дафтари шарҳи ҳоли адиб саҳифаҳои тоза, аммо нангину фоҷиаомез зам мешаванд, ки ба «фирор»-и фарзанди ӯ Азиз иртибот мегиранд.

Нависанда нахустписарро ба хотири бародари дар Тошканд фавтидааш Азиз ном ниҳода буд. Азиз то синфи ҳаштум дар шаҳри Душанбе таҳсил карда, сипас озими Маскав мегардад ва дар хонаи хешовандони модариаш истиқомат намуда, баъди хатми синфи даҳум ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав дохил мешавад. Хониши хубу аъло ӯро ба вазифаи сарвари комсомолони Донишгоҳ мушарраф мегардонад. Ӯ минбаъд тақдирашро бо ин боргоҳи маърифат якҷоя дида, рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд ва аз фанни «Таърихи ИМА» дарс мегӯяд. Аз тариқи Кумитаи Марказии ВЛКСМ чанд бор ба хориҷи кишвар сафар мекунад. Сафари хориҷии Азиз дафъаи охир моҳи декабри соли 1967 дар ҳайати давлатӣ ба Ҳиндустон сурат мегирад. Дар санаи 20 декабри ҳамин сол, соати 00:30 дақиқа ба меҳмонхонаи «Ранҷит»-и Деҳлии Нав гурехта, аз сафоратхонаи дар Ҳиндустон будаи Англия паноҳ меҷӯяд ва сипас ба сафоратхонаи ИМА рафта, паноҳгоҳи сиёсӣ дархост менамояд.

Баъди муҳоҷирати Азиз ба хориҷа ва қабули шаҳрвандии Британия Сотим Улуғзода дучори таъқибҳо гардид ва аз сафи ҳизби коммунист ронда шуд. Албатта, қабл аз ин ки ӯ аз ҳизб ронда мешавад, сардамдорони ҳизби коммунисти Тоҷикистон адибро маҷбур месозанд, то ки ба таври расмӣ Азизро «оқ» кунад ва аз баҳраш гузарад. Аммо Сотим Улуғзода фармоиши он сангдилонро амалӣ накарда, балки ҳама таҳқир ва фишори маънавиро худ қабул менамояд. Дар натиҷа он кӯрдилон осорашро аз чоп мононданд, таълими эҷодиёташро аз барномаю китобҳои дарсӣ бардоштанд. Бо вуҷуди ин, аз бойгонии Сотим Улуғзода як номаи ӯ аз 29 ноябри соли 1969 ба суроғаи Азиз ба даст омадааст, ки он ҷо чунин ҷумлаҳоро мехонем: «Ту ба ҷониби душманони мо, ба ҷониби савдогарони виҷдон ва тарафи мисли худат фирориён гурехта, лаганбардору зархариди эшон шудӣ. Бешарафию пастӣ ва бемаънавиятию бадахлоқии туро ҳадде ҳаст?.., Барои як луқма нон ту бояд дар ҳаққи Модар-Ватани худ туҳмат занӣ!... Ту фаромӯш кардаӣ, ки вожаи тоҷикии «оқшуда» чӣ маънӣ дорад? Агар фаромӯш кардӣ, ман ба ту хотиррасон мекунам: лаънаткардаи падару модар, нафратзадаи кулли мардумони бошараф, муртад, мана чӣ маъно дорад ин калима. Оқшуда-ин ту ҳастӣ!

Ватанфурӯш дигар барои ман фарзанд нест, ман ба ӯ ягон алоқае надорам... Ман нигоҳ доштани фамилияи худро ба ту манъ мекунам. Онро ман ба ту додам ва ман мерабоям. Барои худ фамилияи ба ватанфурӯш мувофиқ интихоб кун. Собиқ падари ту Сотим Улуғзода».

Навиштани чунин мактуб ба забони русӣ аз ҷониби Сотим Улуғзода ба фарзандаш Азиз воқеият дорад, вале ҳақиқат он аст, ки ӯ ин номаро дар бойгониаш нигоҳ дошта, ба суроғаи Азиз нафиристондааст.

Баъд аз ҳодисаи «бозсозии горбачёвӣ», нимаи дувуми солҳои 80-ум, 9-уми марти соли 1987 Сотим Улуғзода ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ариза навишт ва хоҳиш кард, ки ӯро ба сафи ҳизб барқарор намоянд. Адиб дар ҳамин ариза менависад: «Ман дар масъалаи тарбия ва диққат ба фарзанд дар назди ҳизб гуноҳи калон дорам ва камина барои дарки ин гуноҳи хеш вақти кофӣ доштам. Ватанфурӯш дигар барои ман фарзанд нест, ман бо ӯ ягон робитае надорам.

Дар ҳаждаҳ соли охир зери тамҳаи аз ҳизб хориҷшуда зиндагӣ карда истода, бо ҷароҳатҳои рӯҳию ахлоқии хеш дар муқовимат буда, ҳамзамон бошиддат ба кори эҷодӣ машғул будам…».

Вақте ки аз дастгоҳи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон садое набаромад, Сотим Улуғзода маҷбур шуд, ки ба Конфронси нуздаҳуми Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, 24-уми июни соли 1988, мактуби шикоятӣ нависад. Баъд аз фишори Маскав Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, 19 октябри соли 1988, ба чунин қарор меояд: «Бояд эътироф кард, ки Улуғзода Сотим аз сафи аъзои Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ бесабаб хориҷ карда нашудааст. Вале ҳиссаи бузурги ӯро дар тараққии адабиёти шӯравии тоҷик ва ҳамчунин, тавсифномаи мусбату аз ҷониби ӯ самимона эътироф шудани гуноҳҳояшро дар мавриди маҳкум кардани рафтори фарзандаш ба ҳисоб гирифта, бо меҳнати ҳалол ба боварии ҳизбу халқ мушарраф шудани ӯро дар назар дошта, бар хилофи қарорҳои Кумитаи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбеи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз 4 декабри соли 1969 ва қарори Пленуми 16-уми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз 22 декабри соли 1969, Сотим Улуғзода дар сафи аъзои Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз октябри соли 1940 бо танаффуси собиқаи ҳизбӣ аз декабри соли 1969 то октябри 1988 барқарор карда шавад».

Дафтари шарҳи ҳоли Сотим Улуғзодаро дар солҳои 1989-1997 варақгардон мекунем ва мебинем, ки поёни умраш низ фоҷиавӣ аст. Ҳоло ҳам таъсири саҳифаҳои солҳои 1970-1988 дар сарнавишти ӯ эҳсос мешавад, яъне ин солҳо ҳам он мунофиқию саҳлангории баъзе аз аҳли илму адаб дар мавриди ӯ давом кардааст.

Соли 1991 бояд ҷашни 80-солагии Сотим Улуғзода таҷлил мегардид, аммо ӯ дар раёсат нишаста, худро ба мардум нишон додан ва худнамоиву худпарастӣ кардан намехоҳад, балки мегӯяд: «Замона намебардорад. Ин ҳаёҳую шӯру ошӯбҳоро намебинед. Ақлҳо аз сари мардум гурехта, нафсҳо даст ба гиребон шудаанд. Дар ҳамин вазъияти нобасомонӣ Улуғзодаро ҷашн бигиранд, тантана кунанд, ки кори хуб нест. Ҷашнгирии худро рад карда, ба идораи даркорӣ мактуб навиштам, янгаатон бурда расонд». Воқеият ин буд, ки ҷашни 80-солагии Сотим Улуғзода, монанди шастсолагию ҳафтодсолагӣ ва ҳафтодупанҷсолагии адиб таҷлил нагардид ва як даста гул ҳам тақдимаш накарданд. Фақат 15-уми сентябри соли 1991 бо хоҳиши Сотим Улуғзода дар хонаи Ҷалолхон, ки аз тарафи модар ягона хешаш боқӣ монда буд, ҷашни 80-солагии ӯ дар доираи маҳдуде ташкил мегардад. Он шаб дар паҳлуи Сотим Улуғзода Норахони олима, ки назми «Шоҳнома»-и ба наср баргардондаи падарашро ба русӣ тарҷума карда буд, менишаст... Любов Андреевна, ҳамсараш дар курсии паҳлуи Мутеъулло Наҷмиддинов менишаст. Ҳамагӣ 50 нафар, се нафар занони ҳамсинну соли ӯ, ки дар аввали солҳои сиюм омада буданд, низ ҳузур доштанд. Афсус, ки Сотим Улуғзода қаблан ба фалаҷ гирифтор шуда буд, аз ин ҷамъомади ҷашнӣ чандон ҳаловат бурда наметавонист.

Вазъияти сиёсӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба харобӣ меораду Сотим Улуғзода моҳи декабри соли 1992 хонаашро ба фурӯш монда, ҷониби Маскав кӯч мебандад. Ҳол он ки саломатии ӯ чандон хуб набуд. Дасти рости солҳо қалам доштааш фалаҷ гардида, варам карда, аз кор монда ва хотирааш сусту парешон шуда буд. Бо ин кӯчбандӣ гӯё саҳифаи рӯзгори Сотим Улуғзода дар пойтахти Тоҷикистон ба поён мерасад. Акнун саҳифаҳои дафтари шарҳи ҳоли адиб аз охирин рӯзҳои соли 1992 дар шаҳри Маскав оғоз мегиранд.

Ин саҳифаҳо фоҷиаи ҳамешагии нависандаро идома мебахшанд. Дар Маскав вазъи саломатии Сотим Улуғзода торафт рӯ ба бадӣ меорад. Нависандаи 86-сола ба душворӣ гап мезад, бо каме гуфтугӯ худро хаста ҳис менамуд ва дар посух ба ҳамсуҳбаташ калимаи «нағз»-ро такрор мекард ва барои идомаи суҳбат ҳавсала намекард. Ҳамчунин нури чашмонаш заиф шуда буд. Бо ёрии ҳамсараш - Любов Андреевна ва писараш Зариф роҳ мегашт. Умуман, аҳволи Сотим Улуғзода гоҳ беҳ мешуду гоҳ бад. Шабҳо аз бехобӣ азият медид. Фақат ба душворӣ хоҳиш мекард: «Mapо тезтар ба Тоҷикистон баред». Ба сабаби ин ки ба Душанбе овардани адиби бемор хатар дошт, ӯ то поёни умр дар манзили маскавиаш мемонад.

Ниҳоят, 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав қалби узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз задан монд. Ҳукумати Тоҷикистон 27-уми июн ҷасади Сотим Улуғзодаро ба Душанбе интиқол дод. Дар санаи 29-уми июн тобути марҳумро дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои видоъ гузошта, наъши ӯ дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд.

Аз китоби профессор Худойназар Асозода

 “Таърихи адабиёти тоҷик”,

Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, соли 2014

Аз устод Улуғзода дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед суроғ кунед:

Улуғзода, С.  Ривояти суғдӣ [Матн]: Оиди саргузашти суғдиён. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 191 с.
Улуғзода, С. Аҳмади Дониш [Матн]. – Сталинобод, 1946. – 86 с.
Улуғзода, С. Восеъ [Матн]: Асарҳои мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 360 с.
Улуғзода, С. Ёрони боҳиммат [Матн]: Қисса. – Сталинобод, 1947. – 107 с.
Улуғзода, С. Калтакдорони Сурх [Матн]: Пйеса, 4 парда ва 9 намоиш. – Сталинобод, 1948. – 85 с.
Улуғзода, С. Калтакдорони Сурх, Гавҳари шабчароғ, Рўдакӣ, [Матн]: Пйесаҳо. – Душанбе, 1964. – 186 с.
Улуғзода, С. Қисмати шоир [Матн]: Киноповест. – Сталинобод, 1960. – 120 с.
Улуғзода, С. Киссаҳои драмавӣ [Матн]: Драма дар 3 намоиш. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 384 с.
Улуғзода, С. Навобод [Матн]: Асарҳои мунтахаб. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 368 с.
Улуғзода, С. Ривояти суғдӣ [Матн]: Осори мунтахаб. – Душанбе: Адиб, 2012. – 199 с.
Улуғзода, С. Саргузашти Собир [Матн]: Субҳи ҷавонии мо. – Сталинобод, 1957. – 259 с.
Улуғзода, С. Субҳи ҷавонии мо [Матн]: Қиссаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 378 с.

Таҳияи Парвина Қадимова,
м
утахассиси пешбари
шуъбаи
илмӣ-таҳқиқотӣ

Барчаспҳо: