Ба куҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд...

Шахси гўяндаро зарур аст, ки муносибати хуби хайрхоҳона, рафиқона ва эҳтиромона ҳамчун хислати табиӣ, оддӣ ва беғаразро пешаи худ гардонад. Агар гӯянда маҳорати хуби суханварӣ дошта бошад, шунавандагонро бо маслиҳат ва суҳбатҳои хуб, аз хатоҳо дур месозад ва ба роҳи ростиву накукорӣ ҳидоят мекунад. Инчунин муҳаббату эҳтироми худро тавассути сухан дар дилҳо ҷой медиҳад.

Пардаи розе, ки суханпарварист,
Сояе аз пардаи пайғамбарист.
изомии Ганҷавӣ)

Аз давраҳои қадим то имрўз байни одамон муносибатҳои ногусастание вуҷуд дорад, ки ба воситаи муоширати худ фикру ақидаҳои як дигаро баён мекунанд. Мутафаккирони бузурги Юнони бостон аз қабили Арасту, Афлотун  Суқрот, Ситсерон ва дигарон сухан ва суханвариро, ки зодаи хирад ва тинати инсонӣ медонанд, ба як дараҷаи баланд бардоштанд.

Суханвар сараввал бояд бо фикру андешаҳои каломи худ шунавандаро қаноатманд ва таваҷҷуҳи ўро ба худ ҷалб намояд. То ки то охир ҳарфи ўро гўш намояд. Баъзе нафароне ҳастанд, ки ҳамчун натиҷаи ҳолатҳои эҳсосоти шадид ва асабоният ва ё бо сабабҳои бетарбиятӣ дар ҷомеаи имрўза вуҷуд дорад, мебошад, ки ба маънои сухани худ сарфаҳм нарафта, шунавандаро аз худ дилмонда мекунаду ба ӯ мисли душман бо буғзу кина ва нафрат суҳбат мекунад. Дар рафти сухан гуфтан, гӯянда бояд тавре сухан гўяд, ки шунавандагонро таъсир расонад. Ва дар дили шунаванда ҳиссиёти ғам, кина, нафратро бар наангезад. Зеро ҳусни калом олитарин падидаҳои зиндагии шарифи одамист.  

Хирадро кору боре чун сухан нест,
Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест.
Гоҳе лабро нишоти ханда орад,
Гаҳ аз дида нами андўҳ борад.
Аз ў хандад лаби андўҳмандон,
В-аз ў гирён шавад дилҳои хандон.

                                             (Ҷомӣ)

Шахси гўяндаро зарур аст, ки муносибати хуби хайрхоҳона, рафиқона ва эҳтиромона ҳамчун хислати табиӣ, оддӣ ва беғаразро пешаи худ гардонад. Агар гӯянда маҳорати хуби суханварӣ дошта бошад, шунавандагонро бо маслиҳат ва суҳбатҳои хуб, аз хатоҳо дур месозад ва ба роҳи ростиву накукорӣ ҳидоят мекунад. Инчунин муҳаббату эҳтироми худро тавассути сухан дар дилҳо ҷой медиҳад.

Сухан бифганад  минбару дорро,
Зи сўрох берун кашад морро.

                (Абушакури Балхӣ)

Дар яке аз ҳикояҳо чунин омадааст:

Шунидам, ки Ҳорунарашид хобе дид бар он ҷумла, ки пиндоштӣ, ки ҷумлаи дандонҳои ў аз дандон берун афтодӣ ба якбор. Муаббиреро  бихонд ва пурсид, ки табири он хоб чист?

Муаббир гуфт:

- Зиндагии амирулмуъминин дароз бод! Ҳама ақрабои ту пеш аз ту бимиранд, чунонки кас аз ту намонад.

Ҳорунарашид гуфт:

- Ин муаббирро сад чўб бизанед, ки вай инчунин сухани дарднок чаро гуфт дар рўйи ман. Чун  ҷумла  ақрабои  (хешу табори)  ман  пеш аз ман бимиранд, пас аз он  гоҳ ман кӣ бошам?

Хобгузори дигарро фармуд оварданд ва ин хобро  бо вай бигуфт.

Хобгузор гуфт:

-Бад-ин хоб, ки амирулмуъминин дидааст, далел кунад, ки  амирулмуъминин  дароздидагонитар аз ҳама ақрабо бошад.

Ҳорунарашид гуфт:

- Аз ин бар меояд, ки далелу хирад якест. Таъбир аз он берун нашуд, аммо аз ибора то ибора  бисёр фарқ аст. Ин мардро сад динор фармуд.

Ин ҳикоят да китоби “Суханварї”, нашриёти Бухоро соли 2013 саҳ.66-67 иқтибос шуд.

Аз ин рў, бояд  ҳар як шахс одоби муоширатро дар як сатҳи баланд биомўзад. Зеро лафзи ширин кафолати муносибати хуш байни одамон аст.

Сурайё  Одинаева,
Сармутахассиси Шуъбаи илми таҳқиқ
отӣ

Барчаспҳо: