Нуриниссо Бобоҷонова, ки муддати 20 сол сарварии калонтарин китобхонаи кишвар, Китобхонаи ба номи Фирдавсиро ба ӯҳда дошт, акунун ба синни 87 расид. Шахсияте, ки то ҳанӯз собиқадорони китобдорӣ хотироте неке аз замони роҳбарияш дар хотир доранд.
Нуринисо Ҳомидҷоновна 9-уми марти соли 1931 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар оилаи омўзгор таваллуд ёфтааст. Ў пас аз хатми мактаби миёна (1948) ба Омўзишгоҳи занонаи омўзгории шаҳри Сталинобод дохил мешавад ва онро соли 1952 бо баҳои аъло хатм мекунад. Солҳои 1952-1954 ба ҳайси инструктори КМ ЛКСМ Тоҷикистон кору фаъолият мекунад ва баъдан солҳои 1954-1959 таҳсилро дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДДМТ) идома медиҳад.
Адибе, ки қатори садҳо муҳоҷири дигар аз Эрон ба Тоҷикистон омад ва муқими кишвари мо шуд. Бо повесту ҳикояҳо ва очеркҳояш маълуму машҳур шуд. Дар Эрон дида ба олам кушод ва дар тоҷикистон дида аз олам баст.
Алиаскар Ҳилолиён (Алиаскар Ҳилол-ўғлӣ) 25 марти соли 1923 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст. Солҳои 1929-1938 маълумоти умумиро фаро гирифт. Донишҷўи мактаби олии

Баҳоро, номаҳо дорам ба унвони азизи ту,
Гул андар гул наво дорам ба даврони азизи ту.
На пул хоҳам, ки гул хоҳам, на гул хоҳам, ки дил хоҳам,
Магар меғунҷад ин хоҳиш дар имкони азизи ту.
Дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – ду шоири маъруф ва ду донишманди муътабар намунаи таърихии дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон аст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва одӣ шудани равобит миёни ду кишвар бори дигар ёдҳоро ба таърихи куҳан бурд. Бори дигар номи Алишери Навоӣ ва Абурраҳмони Ҷомӣ вирди забонҳо шуд. Дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе боғе дар ҳоли бунёд аст, ки номи Алишери Навоӣ дорад.
Кист Алишери Навоӣ?
Навоӣ, Фонӣ Низомуддин Алишер 9 феврали соли 1441 дар деҳаи
Намадмолӣ, ки онро намадрезӣ низ меноманд, яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, бештар дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон, он мавзеъҳое, ки мардум ба парвариши чорпои хурд машғуланд, маъмул мебошад. Намад як навъи гилем ё палос аст, ки барои пўшидани фарши хона истифода мешавад. Намад фарши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан 2×3м ва баъзан каму беш аз ин буда, ғафсияш 0,5-1см мешавад. Намадро аз пашми чорвои хурд (гўсфанд ё бузи
Чоршанбесурӣ, ойинест, ки пеш аз Наврӯз, дар охири соли хуршедӣ баргузор мешавад. Аз замонҳои қадим то ба ҳоло дар охирин чоршанбеи соли хуршедӣ пеш аз Наврӯз мардуми ориёитабор маросим ва ҷашне доштанд, ки онро Чоршанбесурӣ меномиданд ва ҳоло низ меноманд. Ин ҷашн дар гузашта дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, ба хусус Мавароуннаҳр низ, дар ҳудуди он қарор
