Маҳфили “Равшандилон”: Аз савту навои Мавзунҷон то шеъри қирғизии Тоқтасун

Офтобо, равшанӣ гир, аз дили 
Равшандилон,

Равшанистон ҳаст кишту ҳосили
Равшандилон”.

Равшан аст андешаву обу гили
Равшандилон,

Зиндагӣ равшан шавад аз маҳфили 
«Равшандилон»

“Ганҷи сухан” бо ширкати Моҳпайкар Ёрова ва Зулфия Содиқова

Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳар моҳ як мароиба доир мешавад ва ҳадафи он фароҳам овардани имкони бештар барои хонандагони Шӯъбаи хизматрасонии махсус аст. Онҳо дар ин маҳфил ҳузур меёбанд ва бо шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву ҳунарӣ мулоқот мекунад. Дар бораи онҳо аз забони худашон мешунаванд ва бо онҳо муоколама мекунанд, атрофи китобҳову намоишҳо ва филмҳояшон баҳс меороянд.

Боздиди Раиси департаменти фарҳанги Аморати Шарҷа аз Китобхонаи миллӣ

Баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта Директори Китобхонаи милии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода Раиси Департаменти фарҳанги Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос ҷаноби Абдулазиз Ал Мусалламро ба ҳузур пазируфт.

Абдусалом Мирализода меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: САБАДБОФӢ

Баъзе сабадбофон навдаҳоро аввал чанд рӯз дар об тар карда, баъд андаке қат карда, ба соя ва ё офтоб мегузоранд. Чунин кор вобаста ба салиқа ва таҷрибаи кори онҳост. Ҳунармандоне низ ҳастанд, ки баъди дар об тар кардан пӯсти навдаҳоро ҷудо мекунанд ва онҳоро дар соя мегузоранд. Пӯсти баъзе навдаҳо ҷудо намешавад, чунки хеле мустаҳкам аст. Дар чунин ҳолат пӯсти навдаро ҷудо накарда, сабад мебофанд. Агар пӯсти навдаҳо ҷудо карда шавад ва он андаке дар офтоб ва ё оташи паст сурх гардад, сабад хушсифат мешавд. Ба хусус сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида,

МАЭСТРО УБАЙДУЛЛОҲ РАҶАБОВ: РӮЙДОДҲОИ ТАСВИРШАВАНДА ДАР ФИЛМҲОИ МАЗҲАКАВӢ ТИПӢ НЕСТАНД

Ин суҳбат ду сол қабл  дар остонаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом шуда буд. Аммо ҷойе чоп нашуд. Як сабаби он серкории устод Убайдуллоҳ буд, ки саргарми барномаҳои ҷашнӣ фурсат накарда буданд, ки матни омодашударо аз назар гузаронанд, чун қоида ин аст, ки мусоҳиб баъди рӯйи коғаз омадани суҳбат онро бихонад.

Шабе қабл бо баҳонаи зодрӯзи Маэстро баъзе

Маҳфили бузургон ба “Боқинома”

Ин китоб дар воқеъ маҳфили бузургонро мемонад. Аз оғоз то ба анҷом нухбагони фарҳанги миллат дар бораи фарзанди фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон марҳум Боқӣ Раҳимзода сухан ва аз рӯзгори адиби номвар хотироти хешро нақл мекунанд. Ва боз чӣ хотироте: омехта бо ширу шакар. Кас намехоҳад ин китоби аҷибро аз даст гузорад. Ҳар саҳифаи он як сарнавиштест, ҳар боби он як ҷаҳони маънои дигарест.

Мирзо Турсунзода мегӯяд “Боқӣ Раҳимзода яке аз шоироне мебошад, ки беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ мегардонад”.

Страницы