Таърих акнун дар китобҳост, ки шоҳидонаш ё рафтаанд ва ё пиру баҷомондаанд

Имрӯз ҳам мо саҳифаи таърихи гузаштаи худро варақ мезанем ва назаре ба 73 соли пеш меандозем. 73 сол пеш сокинони Тоҷикистон низ чун миллионҳо бошандагони кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ аз шунидани хабари пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шикасти комили фашизми Олмон табли шодӣ зада буданд.

Дар ин ҷанг бештар аз 20 миллион нафар сокинони

Намоишикитоббахшида ба Иди Ғалаба

Бахшида ба РӯзиғалабаШуъбаи тарғибвабаргузориичорабиниҳои фарҳангииКитобхонаимиллии Тоҷикистон намоиши китобҳо бахшида ба ин санаи муҳимро ташкил кард. Хонандагон ҳоло имкон доранд бо вуруд ба ин Шуъба бо номгӯи зиёди китобҳое ошно шаванд, ки солҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  дар кишвар ва хориҷ аз он ба нашр расидаанд.
Аз ҷумла, китобҳои “Аскарони Ғалаба”, муаллифон

Мову сулҳи олам

Аз пайғоми хатми ҷанги Бузурги Ватанӣ моро 73 сол ҷудо мекунад. Аммо садои хастаи модарони интизор ҳамоно ба гӯш мерасад. Тавре Пешвои миллат фармуда: “Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу

Вақт ва китоб: Чиро ва кай бояд хонд?

Ақидаи мавҷуд аст, ки гўё барои муваффақ шудан донишҷўе бояд ҳатман дар як шабонарўз 13-14 соат дарс бихонад. Аз як тараф тавон ва ҳавсалаи фардии инсонҳо гуногун аст, аз тарафи дигар ангезаҳои донишҷўён ҳам бо якдигар фарқ доранд. Ҳамчунин омодагиҳои дарсии ҳама яксон нест. Бинобар ин муҳимтар аз он ки ба сурати тез соатҳои мутолиаи худро афзоиш диҳем, ин аҳамият дорад, ки аз миқдори соатҳои мутолиаи худ – ҳар қадар ҳам ки бошад – беҳтарин ва

42 дарахти магнолияи Китобхонаи миллӣ

Боз 42 адад дарахти хушнамуди магнолия саҳни Китобхонаи миллиро оро дод ва бо ин шумори дарахтони танҳо имсол шинондашуда  аз 900 гузашт.

Аввали ҳафтаи равон як маъракаи гулшинонӣ ва дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ шуд. Ин бор 42 дарахти хушнамуди магнолия оварда ва шинонда шуд. Ин дарахтон дар паҳлуи дарахтони дигари ороишӣ, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар шинонда шуда буданд, ҷой гирифтанд. Аз аввали сол то ба ин дам дар ҳота ва саҳни Китобхонаи миллӣ бештар аз 900 дарахти сояафкан ва ороишӣ шинонда шуд.

Дарахтон ва гулҳо ба ҳусни ин бинои зебо ҳусни тоза зам карданд.

Страницы