Маҳфили “Равшандилон”: Аз савту навои Мавзунҷон то шеъри қирғизии Тоқтасун
Нашр шуд 2018-04-25 18:06
Офтобо, равшанӣ гир, аз дили
“Равшандилон”,
Равшанистон ҳаст кишту ҳосили
“Равшандилон”.
Равшан аст андешаву обу гили
“Равшандилон”,
Зиндагӣ равшан шавад аз маҳфили
«Равшандилон»
Садри маҳфили “Равшандилон” шоири машҳур Хайрандеш аз ҳамин рубоӣ маҳфили навбатиро оғоз кард ва идомаи он гӯиё атрофи ҳамин мисраъҳо давр мехӯрд.
Дар бахши “Афрӯза” Ҳусейни Нурмуҳаммад хабар дод, ки ахиран асари нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов “Алвидоъ Гулсарӣ”-ро хондааст ва мухтасар дар бораи ин китоб ба ҳозирон нақл кард. Вай баъзе қисматҳои шавқовари повестро нақл намуд ва атрофи он баҳсҳое ҳам доир шуданд.
Раҳматуллои Раҳим як ҳикояи адиби чиниро қироат кард. Меҳмони маҳфил аз ноҳияи Ҳамадонӣ Назруллои Асалзод қиссаеро бо номи “Духтари подшоҳ” хонд. Ва ҳамзамон аз ашъори ба тозагӣ навиштаи худ намунаҳо низ қироат кард.
Дар бахши “Афроза” ширкаткунандагон шоҳбайтхонӣ карданд, дар “Афшина” бошад зарбулмасалу мақолҳо хонадаву маънои онҳо таҳлил карда шуданд.
Гурӯҳе аз ширкаткунандагон дар бахши “Афшона” латифагӯӣ карданд. Раҳматулло, Марҷона, Гулноза, Мавзунҷон ҳикояҳои ҳаҷвии худро хонданд.
Ва баъдан чистонгӯӣ ҳам шурӯъ шуд.
Мавзунҷони Ғафурзод аз таронаҳои сарояндаи машҳур марҳум Аҳмад Зоҳир замзама кард ва хотирои ширкаткунандагонро шод сохт.
Дар маҳфил бори аввал Тоқтасун Ҳамитов як шеъри қирғизӣ навиштаи худро қироат кард.
Маҳфили “Равшандилон” моҳе як маротиба доир мешавад ва дар он хонандагони Шӯъбаи хизматрасонии махсус аз ҷумлаи афроди дорои имконияҳои маҳдуд ширкат мекунанд ва аз эҷодиёти худ мехонанд.
Шеъру ҳикояҳои онҳоро шорири шинохта Хайрандеш, ки ҳамеша гардонандаи ин маҳфил аст, ҷамъбасту хулоса мекунад.