Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-шоир, навсанда ва журналисти маъруф даргузашт

  Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-адиби маъруф, журналист ва тарҷумони шинохта 11-уми январ аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз рӯзноманигори тоҷик Ориф Ёдгорӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ соҳиби чандин китоби шеъру ҳикояҳо, тарҷумаҳо ва очерку публистистика буда, аз ҷумла қаламкашони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд.

 Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, 20 марти соли 1942 дар деҳаи Кадучӣ, колхози «Коммунизм» (имрӯза ба номи Ғоиб Сафарзода)-и ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1950 ба мактаби миёнаи деҳа дохил шуда, онро соли 1960 бо баҳои аъло хатм кардааст. 

Устод дар бораи шогирд

Охири соли гузашта Шӯрои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзноманигори шинохтаи кишвар Саломиддин Мирзораҳматовро ба узвияти худ пазируфт. Шояд дар таърихи Иттифоқ ин гуна рӯйдодҳо камназир бошанд, ки касонро ба ғоибашон ба узвият мепазиранд ва ин нишони қадршиносӣ аз заҳамоти пайвастаи Саломаиддин Мирзораҳматов аст, ки ин шабу рӯ беҳтару хубтар аз дигарон бори заҳмати чеҳранигории

Дарахти дӯстӣ биншон...

Дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд,агар хоҳӣ, ки дӯсти воқеӣ  бошӣ, ба китоб ба илм ватандӯстиву хештаншиносӣ қабл аз ҳама ба худшиносӣ руй биёвард.

Ҳузури хонандагон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон дар рӯзҳои таътил афзудааст

Зарфи шаш рӯзи аввали таътили зимистона 743 нафар хонандагони наврас вориди толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки аз ин ҳисоб 112 нафари онҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ба китобхона омадаанд. Ин саду дувоздаҳ нафар аъзои нави китобхона аз ҳисоби наврасону кӯдакон мебошад.

Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 120 нафар хонандагон вориди толори хониши кӯдакону наврасон мешаванд.

Муроҷиати беш аз даҳ ҳазор нафар ба Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо

Дар  соли сипаришуда  ба  шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо  10351 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки  аз  онҳо  160 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон  16685 нусха  адабиёт  ба  хона барои  истифодаи  муаққатӣ  дода  шуд. Бо  воситаи  абонементи  байни  китобхонаҳо  291  нусха  адабиёт  ба  вилояти  Суғд,  356 нусха  адабиёт  ба вилояти  Хатлон

Китобхонаи миллӣ дар соли 2018

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҷаласаи навбатии худ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода зимни суханронӣ дар ин ҷаласа аз фаъолияти яксолаи муассиса изҳори қаноатмандӣ кард, вале таъкид намуд, ки дар соли 2019 ҳалли вазифаҳои хеле муҳиме дар пешанд, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Страницы