Китобхонаи миллӣ дар соли 2018
Нашр шуд 2019-01-07 13:32
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҷаласаи навбатии худ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода зимни суханронӣ дар ин ҷаласа аз фаъолияти яксолаи муассиса изҳори қаноатмандӣ кард, вале таъкид намуд, ки дар соли 2019 ҳалли вазифаҳои хеле муҳиме дар пешанд, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш фазои муътадили мутолиотӣ ва пазироии хонандагонро нишондиҳандаи асосии фаъолияти Китобхона донист ва гуфт: “Тавассути фаъолияти шуъбаҳои нигоҳдории адабиёт, хизматрасонӣ ба муштариён, абонементи байни китобхонаҳо, адабиёти хориҷӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, нигоҳдории адабиёти депозитарӣ, рисолаҳои илмӣ, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, матбуоти даврӣ, хизматрасонии библиографӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, библиографияи миллӣ, марказҳоии иттилооти ҳуқуқӣ, тоҷикшиносӣ, забонҳо, дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, шуъбаи махсус ва дигар шуъбаҳои Китобхона ба роҳ монда шудааст. Шуъбаҳо бо истифода аз фонди асосӣ ва фонди ёрирасон талаботи хонандагонро ба манобеи чопӣ ва электронӣ қонеъ мегардонанд”.
Абдусалом Мирализода таъмини фазои муътадили мутолиотӣ ва пазироии хонандагонро нишондиҳандаи асосии фаъолияти Китобхона донист. Вай гуфт, ки “шуъбаҳо бо истифода аз фонди асосӣ ва фонди ёрирасон талаботи хонандагонро ба манобеи чопӣ ва электронӣ қонеъ мегардонанд”.
Профессор Абдусалом Мирализода дар ҷаласаи ҳисоботӣ эълон кард, ки соли 2018 31675 нусха адабиёт ба маблағи умумии 472286,83 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор дода шуд. Ба захираи умумии Китобхона 30822 нусха ба маблағи умумии 458562,15 сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, китобҳо – 29331 нусха, маҷаллаҳо – 747 нусха, рўзномаҳо – 436 нашрияҳои давомноки илмӣ - 95 нусха, авторефератҳо-100 нусха, диссертатсияҳо – 235 нусха, дастнависҳо – 18 нусха, харитаҳо-8 нусха, нотаҳо -235 нусха, секограммаҳо-45 нусха, СD ва DVD - 19 дона. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –762 нусха китоб ба маблағи умумии – 12491,68 сомонӣ ворид карда шуд.
Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2545 нусха (1200 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 405 нусха (245 номгўй) нашрияҳои гуногунро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт намуданд. Ба шумораи мазкури китобҳо барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд. Баргаҳои аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.
3904 адад рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 1788, обунавӣ - 2116) ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин 588 лифофа ворид шуд. 123 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ, 237 адад маҷаллаҳои обунавӣ ва 29 нусха китобҳои обунавӣ аз сарчашмаҳои гуногун муҳр зада дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд. Ба 21844 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (штрихкод) часпонида шуд.
Аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 167 219 нафар хонанда пазируфта шудаанд. Танҳо соли 2018 21 286 нафар аъзои Китобхона шудаанд. Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки дар як сол аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 2113, аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон 1879, аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 1871, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 1511, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 781, Донишкадаи молия ва иқтисод 575, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 504, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 525, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 444, Донишкадаи технологии Тоҷикистон 454, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 343, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 271, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 264 донишҷӯён ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Бино ба ҳамин омор теъдоди хонандагони тозавуруд аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 5067 ва аз коллеҷҳо ва литсейҳо 2128 нафарро ташкил додаанд.
Соли 2018 ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 472 800 нафар ворид шуда, 810 ҳазору 118 китоб мутолиа кардаанд.