Маконҳои таърихии Тоҷикистон: САРАЗМ

    Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки 

Ҳунарҳои мардумӣ: ГАҲВОРАСОЗӢ

      Вақте, ки болосариву поёнсарӣ омода гашт, барак – тахтаҳои барии гаҳвораро ба саллаҳои болову поён пайваст карда, мехи чўбин мекўбанд. Сипас дастаки аз чўби бед тайёршударо болои саллаҳои гаҳвора пайваст мекунанд. Чун гаҳвора шаклан омода шуд, зераш тагак- тахтачаҳоро мувофиқи барии гаҳвора қатор чида, бо мех мекўбанд. Дар поёни кор барои гузоштани тубак (сиба) дар миёнаҷои тагаки гаҳвора сўрохии қутраш 15-20 см мебуранд. Тубакро кулолон ба мисли

Аввалин барномаи муштараки телевизионӣ дар Китобхонаи миллӣ сабт шуд

     Бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, Шуъбаи адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” шуруъ аз соли нав барномаи нави телевизионӣ бо номи “Беҳтар аз дӯст” дар толори хониши кӯдакону наврасон сабт мешавад. Ширкаткунандагони асосии ин барнома хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мебошанд.

Саду понздаҳ китоби Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Китобхонаи миллӣ

      Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон саду понздаҳ адад китобро, ки чопхонаҳои “Кировская областная типография”, “Эр- граф” ва матбааи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор додаанд, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.

 Тақдими китобҳои тозанашр аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон як анъанаи дерин аст ва ҳар сод даҳҳо 

Китоби нави Пешвои миллат бо забони русӣ дар бораи сиёсати хориҷии кишвар

 

           Китоби нав - маҷмуъи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» дар ҳаҷми 222 саҳифа аз чоп баромад. Китобро бо сифати баланд нашриёти «Контраст» - и шаҳри Душанбе чоп кардааст.

   Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон поягузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муосири тоҷик мебошанд. Дар китоби мазкур бори аввал матни ҳамаи қисматҳои паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Ҳунарҳои мардумӣ: ДЎҒКАШӢ

     Дўғкашӣ раванди ҷудо кардани равғани маска аз ҷурғот мебошад, ки онро дар минтақаҳои Тоҷикистон инчунин маскакашӣ, гуппизанӣ, куппизанӣ  меноманд. Дар истеҳсоли суннатии равғани маска дастгоҳҳои гуппӣ (куппӣ) ва чархдегу чархчўб истифода мешаванд.

     Шакли гуппӣ ба охури дарозрўя монанд буда, баландияш 0,8-1 м ва қутраш 30-40 см аст. Даҳони гуппӣ 15-20 см буда, ғунҷоишаш 10-15 летр мебошад. Гуппиро, асосан, аз гили

Страницы