Ҷумъа Қувват
Ҷумъа Қувват шоирест, ки умре дар музофот зистааст. Шеъру достонҳояш ҳама илҳом аз чашмаҳои мусаффои диёраш, кӯҳҳои сар ба афлоки зодгоҳаш. Ва ҳамин покии чашмаву васфу тараннуми гулу раёҳини диёр шеъри ӯро бештар мусаффотар кардаву ба дилҳон нишондааст. Шоири маҳбуб ҳоло ба синни мубораки 70 қадам гузошт ва матлаби зер аз ҳаёти ӯст.
Ҷумъа Қувват шоир ва журналист 13 июни соли 1950 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, аз соли 1971 дар корҳои рўзноманигорист. Фаъолияти эҷодиаш аз солҳои донишҷўӣ оғоз ёфтааст. Шеърҳои аввалинаш дар рўзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», сипас дар рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар маҷмўаҳои муштараки «Шукуфаҳои умедбахш» (1973) ва «Парасту» (1980) дарҷ гардидаанд.
Муаллифи маҷмўаҳои «Нони гандум» (1982), «Орзу» (1985), «Чодари сабз» (1989), «Корзори сухан» (2000), «Пеш аз субҳ» (2000) мебошад. Дар ин маҷмўаҳо достони ў «Пеш аз субҳ», манзумаҳои «Рўҳи бешикаст», «Усмон» ва силсилаҳои ашъор – «Нони гандум», «Устодони мо» (дар бораи устодони шеъри тоҷик) дохил шудаанд.
Дар ашъори Ҷумъа Қувват Тоҷикистон, дўстию ҳамбастагии халқҳо, сулҳу дўстӣ дар ҷаҳон, ситоиши қаҳрамониҳои халқ, қадр кардани нону меҳнати деҳқонӣ, ишқи поки ҷавонон ва ғайра мавқеи хос дорад. Дар шеърҳои «Тоҷике бархост», «Хокдони Восеъ», «Ҳамрадифи сатрҳои ҷуфтрон», «Нусратулло Махсум» ва ғайра Ҷумъа Қувват симои як зумра фарзандони барўманди халқро офарида, зиндагиву омоли онҳоро қобили пайравию намунаи пандомўзӣ мешуморад. Баъзе шеърҳои Ҷумъа Қувват хушоҳангу мутантан мебошанд, аз ин рў, бастакорони тоҷик ба онҳо оҳанг бастаанд («Зеби Фахробод», «Нони гандум» ва ғайра).
Ҷумъа Қувват барои тарғиби мавзуъҳои ҳарбӣ-ватандўстӣ дар адабиёт ва матбуот бо медали ҷашнии «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» мукофотонида шудааст. Соли 1975 узви Иттифоқи журналистон ва соли 1984 узви Иттифоқи нависандагон мебошад.
Бозчоп аз «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 2004. – Ҷ. 3. – С. 496.
Аз Ҷумъа Қувват ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Ҳоит обод мегардад: Заминларзию фоҷиабори Ҳоит 60-сол мешавад // Ҷумҳурият. – 2009. – 7 июл.
Нурофарин: Порчае аздостон // Ҷумҳурият. – 2009. – 23 июл.
Абри найсон; Дар сояи гул; Иди саховатгустарон; Насими сулҳ: Шеърҳо // Тоҷикистон. – 2013. – №3-4. – С. 1.
Мужда; Зар бибарад; Чаманоро; Пироҳани гул: Шърҳо // Ҷумҳурият. – 2013. – 21 март.
Дилрезаҳои Наврўзӣ; Қитъаҳо; Рубоиёт; Дубайтӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 11 апрел.
Соябони халқ: Шеър // Ҷумҳурият. – 2013. – 14 ноябр.
Ситояндаи Ваҳдати ҷовидон: Сўҳбати журналист В. Баёнӣ бо шоири ваҳдатсаро, сармуҳаррири рўзномаи «Нури Нуробод» Ҷумъа Қувват // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2015. – 11 июн.
Пояи чархи барин аз Ваҳдат аст: Шеъ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ваҳдат. – 2016. – № 4. – феврал.
Фархундапай: Шеър бахшида ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон // Боҷу хироҷ. – 2016. – 16 ноябр.
Камоли баландпарвози Ориф: Ба муносибати 150-солагии шоир Абдулҳайи Муҷахарфӣ // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 7 декабр.
Оби оташзо: Манзума: Шеър // Садои Шарқ. – 2018. – № 8. – С. 3-10; //Нури Нуробод. – 2018. – № 9-10. – май.
Неъмате ҳамсанги истиқлол нест: Оиди давтовардҳои Истиқлолият // Нури Нуробод. – 2019. – №17. – сентябр.
Қаҳрамони Ваҳдат аст: Шеър эҳдо ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон // Маърифати Шуғнон. – 2019. – 6 июн.
Ба ёди Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров // Садои мардум. – 2020. – 16 январ.
Дар борааш:
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар бораи ба медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонидани – Қувватов Ҷумъа (Ҷумъа Қувват) – сардори иттиҳодияи таъбу нашр ва сардабири рўзномаи «Садои мардум»-и ноҳияи Дарбанд // Садои мардум. – 1988. – 18 сентябр.
Медали тилло муборак, Ҷумъа Қувват: Шоир // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 12 август.
Баёнӣ, В. Такя кард ў бар ҷавонони Ватан: Перомуни Достони адиб, устод Ҷумъа Қувват бо унвони, "Абармарди набарди Ваҳдат" // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 22 июн.
Таҳияи Набиева Аниса
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ