Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароранд:
Омўзгори гиромӣ !
1. Дар бораи мавзўи матн суҳбат ороед. Мазмуни онро бо таҷрибаи хонандагон алоқаманд кунед.
2. Доир ба мазмуни матн ду-се савол диҳед. Аз хонандагон хоҳиш кунед,ки ба посухи саволҳо гўш диҳанд, ё он ҷавобҳоро хонанд.
3. Чор калимаи навро аз матн интихоб намуда, ҳар яки онро бо овози баланд хонед ва аз хонандагон хоҳиш кунед, ки такрор кунанд. Маънои ҳар як калимаро фаҳмонед. Таькид кунед, ки ҳангоми хондан ба ин калимаҳо диққат диҳанд.
Ҳангоми хондан
1. Матнро бо овози баланд хонед. Сипас ин амалро бо хонандагон такрор кунед. Хонандагони алоҳидаро барои бо овози баланд хондан даьват кунед.
2. Хонандагон дунафарӣ занҷирвор бо овози баланд хонанд. Яке мехонад, дигар гўш дода, агар лозим шавад, ислоҳ кунад.
3. Матнро ба панҷ қисм ҷудо кунед. Аз хонандагон хоҳиш кунед, ки мазмуни ҳар қисмро пешгўйӣ кунанд. Сипас пешгўйии худро бо мазмуни матн муқоиса намоянд.
4. Ҷумла ё сархатеро бо овози баланд хонед. Мазмуни онро шарҳ диҳед. Пешгўй кунед, ки минбаьд дар матн чӣ рух медиҳад. Ин амалро чор ё панҷ маротиба ҳангоми хониши матн такрор кунед.
Пас аз хондан
1. Аз хонандагон хоҳиш кунед, ки дунафарӣ мазмуни матнро ба ҳамдигар нақл кунанд. Сипас чанд нафари дигар барои синф нақл мекунанд.
2. Ба хонандагон саволҳоеро, ки дар аввал пурсида будед, хотиррасон намоед. Ҷавобҳоро аз онҳо пурсед. Аз кадом қисми матн ҷавоб ёфтанро нишон диҳанд.
Хонандагони гироми китоби қиссаи айёми таътил Азизи Азиз аз се қисм иборат аст ва шумо метавонед ин китобҳоро аз шуъбаи Кўдакон ва наврасони китобхонаи Миллии Тоҷикистон дастрас намуда мутолеа намоед ин китоб аз киссаҳои шавқовар иборат аст.
Рӯнависии Уғул Бобораҳимова,
мутахасиси шуьбаи кўдакон ва наврасон