Ҷомеаи байналмилалӣ ва мубориза бо забони ғайримеъёрӣ: Дар Тоҷикистон чӣ?

Ҳамасола дар сар то сари олам 3-уми феврал чун рӯзи ягонаи мубориза бо забони ғайримеъёрӣ таҷлил мешавад. Ин ба он маъност, ки калимоту ибороти дағалу дурушт ва таҳқиромезу тавҳиномез аллакай як дарди башарист, ки бо он дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Ба мисли бемориҳои сироятпазир, ки муборизаи умумиро тақозо доранд. Ва хилофи меъёри пазируфта суҳбат кардан ҳам як навъ беморист ва ин ҳам чун дигар касалиҳои сироятӣ хостори муборизаи ҳамагонист.
Ҷомеаи байналмилал бонги хатар мезанад, ки забон набояд олудаи фаҳшову таҳқиру тавҳин бошад.

Сафари Ҳуринисо Ализода ба Шаҳри Ёдҳо

Китоби нави рӯзноманигори шинохта ва донишманди варзида Ҳуринисо Ализода чунин ном дорад: Сафар ба шаҳри ёдҳо.
Ва дар сароғози китоб омада: “Дар навиштаҳое, ки манзур мешаванд, ҷое дилҷӯ образе ҷилва мекунад, ҷое ҷумлае чун сатре шеър истиқбол мешавад ва дар маҷмуъ муҳим он аст, ки касро фаро мегираду ба андеша вомедорад. Перомуни масъалаҳое ба андеша вомедорад, ки муаллиф самимона ба андеша гирифтаву мехоҳад мавриди андешаи дигарон низ бошад”.
Ҳуринисо Ализода ба хонанда шахси ноошно нест. Чакидаҳои хомаашро солҳост, ки мехонанд ва интизорӣ мекашанд.

Давраи нави омӯзишҳои компутерӣ барои 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ идома дорад

Баъди ду моҳ 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ соҳиби сертификатҳои донишҳои компутерӣ хоҳанд шуд.
Давраи нави омӯзиши компутерӣ барои 33 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар Маркази такмили ихтисос оғоз ва идома дорад.
Қарор аст муддати ду моҳ омӯзгори соҳибтаҷрибаи донишҳои компутерӣ Илҳоми Баҳром ба донишомӯзон кор дар барномаҳои  Microsoft Word, Excel, Power Paint, Photoshop

Баррасии шеърҳои тозаэҷоди Солеҳаву Раҳматуллоҳ дар маҳфили «Равшандилон»

Баъд аз зуҳри имрӯз, 31-уми январ дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии  «Равшандилон»  доир гардид.
Меҳмони маҳфил Шаҳроми Неъмат бо ҳамроҳии як тан аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Мавзунҷони Ғафурзод шеърхонӣ ва ба воситаи аккордеону гитор замзама карданд.  
Дар қисмати дуюми барнома,

Ба захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон 583 нусха китоби нав ворид шуд

Дар тули моҳи январи соли 2017 ба бахши таҳлил ва ташхиси адабиёт 583 нусха китоб ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шуд ва баъди таҳлилу ташхис ин китобҳо ба шуъбаи коркарди адабиёт равона карда шуданд.
Китобҳои воридшуда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, тамоми соҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, ниёзҳои хонандагон ва пажуҳишгаронро бароварда месозанд.
Аз ҷумлаи китобҳои тозаворид китобҳои:

Китобхона ва ҷавонон

Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб  ганҷинаи  бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифигари  халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд. Ба қавли шоир:
Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан

Страницы