Ҳамасола дар сар то сари олам 3-уми феврал чун рӯзи ягонаи мубориза бо забони ғайримеъёрӣ таҷлил мешавад. Ин ба он маъност, ки калимоту ибороти дағалу дурушт ва таҳқиромезу тавҳиномез аллакай як дарди башарист, ки бо он дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Ба мисли бемориҳои сироятпазир, ки муборизаи умумиро тақозо доранд. Ва хилофи меъёри пазируфта суҳбат кардан ҳам як навъ беморист ва ин ҳам чун дигар касалиҳои сироятӣ хостори муборизаи ҳамагонист.
Ҷомеаи байналмилал бонги хатар мезанад, ки забон набояд олудаи фаҳшову таҳқиру тавҳин бошад. Забон бояд поку муназзаҳ чун оби чашмасорон бошад. Онро бояд аз палидиҳо тоза кард.
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ низ дар посух ба саволҳои Агентии иттилоотии “Ховар” дар ин бора ибрози назар кардааст ва гуфтааст, ки “имрӯзҳо дар ҷаҳон ба муқобили ин гуна вожаҳои дурушту дашном ва ғайримеъёрӣ мубориза мебаранд. Масалан, чанде пеш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ворид гардидани тағйирот ба Кодекси қонуншикании маъмурӣ тасдиқ карда шуд, ки тибқи он ҳар шахсе, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ алфози қабеҳ ва дашном, вожаҳои амсоли онҳоро истифода мекунад, ба маблағи аз 2000 то 3000 сом, ки тахминан 30-45 долларро ташкил медиҳад, ҷарима мешаванд. Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки агар дашномро наврасону кӯдакон истифода кунанд, волидайни онҳо ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд. Ва ба тариқи ислоҳӣ барои кор то панҷ рӯз ҷалб ё ҷарима мешаванд.
Дар сатҳи як давлат қабул шудани чунин қонун нишон медиҳад, ки истифодаи калимаҳои ғайримеъёрӣ як унсури зиддиҷамъиятӣ ҳисобида мешавад. Тоҷикистони мо, ки як кишвари демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намояд”.
Манти комили мусоҳиба: khovar.tj