85 соли профессор Субҳон Амирқулов
Нашр шуд 2020-06-25 16:34
Субҳон Амирқулов ба омўзиши масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик низ таваҷҷўҳ намудааст. Мақолаҳои ў «Айнӣ ва Бедил» (1968), «Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабӣ – эстетики устод Айнӣ” (1982), «Қуллаи баланди шеъри сода» (оид ба иртиботи эҷодии М. Турсунзода ва Ҳофизи Шерозӣ; (1985) ва ғайра аз назари тадқиқи масоили ворисияти адабӣ, анъана ва навоварӣ, рушди адабиёт навишта шудаанд.
Субҳон Амирқулов 25 июни соли 1935 дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ғузори Ўзбекистон таваллуд шудааст. Адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (1999). Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст (1955). Муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1955 – 57), аспирант (1957 – 60). Пас аз хатми таҳсил дар аспирантура дар кафедраи Таърихи адабиёти классики факултети филологияи УДТ ба таълиму тадрис пардохт.
Муаллифи бештар аз 150 рисолаву мақолаи илмӣ. Монографияи ў «Ҷунайдуллои Ҳозиқ ва достони ў Юсуф ва Зулайхои ў»(1967) ва як силсила мақолаҳояш барои кашфу таҳқиқи таърихи адабиёти дар асри 18 ва нимаи аввали асри 19 мусоидат кардаанд. Ў дар ҷараёни таҳқиқ ба масоили умуминазариявӣ ва методологии омўзиши адабиёти ин давраҳо низ аҳамият дода, ба масъалаҳо ва муаммоҳои асосии он амиқ нигаристааст.
Амирқулов доир ба эҷодиёти Аҳмади Дониш зиёда аз даҳ мақола ва як маърўзаи илмӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни рўзгор ва осори Аҳмади Дониш – шеъру шоирӣ аз назари ў, Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил, робитаи эҷодии ў бо гузаштагон таҳлилу баррасӣ шудаанд. Амирқулов Субҳон дар рисолааш «Фирдавсӣ ва мактаби адабии Аҳмади Дониш» (1995) доир ба робитаи эҷодии Аҳмади Дониш ва бузургони адабиёти гузаштаи форс – тоҷик муфассал баҳс меорояд.
Амирқулов ба омўзиши чеҳраҳои дигари адабиёти форс – тоҷик (мас., Рўдакӣ) низ машғул шудааст. Амирқулов ба омўзиши масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик низ таваҷҷўҳ намудааст. Мақолаҳои ў «Айнӣ ва Бедил» (1968), «Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабӣ – эстетики устод Айнӣ” (1982), «Қуллаи баланди шеъри сода» (оид ба иртиботи эҷодии М. Турсунзода ва Ҳофизи Шерозӣ; (1985) ва ғайра аз назари тадқиқи масоили ворисияти адабӣ, анъана ва навоварӣ, рушди адабиёт навишта шудаанд.
Бо медали «Собиқадори меҳнат» (1988), Ордени шараф (дараҷаи 1; 1999), унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (2005) ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 386.
Муаллифон: А. Маликзод; Д. Манучеҳр
Аз профессор Субҳон Амирқулов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
“Ҷунайдулло Ҳозиқ ва достони ў «Юсуф ва Зулайхо» / Муҳаррири масъул Т. Неъматзода. – Душанбе: Ирфон,1967. – 93 с.
Тақриз: Абдуллозода, А. Тадқиқоти достони шоир // Маориф ва маданият. – 1968. – 11 август.
Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил // Масъалаҳои филологияи тоҷик. – Душанбе, 1974. – С. 62-71.
Масъалаҳои филолгияи тоҷик / Муҳаррири масъул С. Амирқулов, Б. Камолиддинов. – Душанбе, 1974. – 171 с.
Адабиёти тоҷик дар нимаи якуми асри XIX: Дастур барои донишҷўёни факултети филологияи тоҷик. – Душанбе, 1980. – 100 с.
Назаре ба инкишофи анъанаи реалистӣ дар адабиёти равияи пешқадами нимаи якуми асри XIX: Образ ва маҳорати бадеӣ. – Душанбе, 1980. – С. 62-71.
Пайванди «Холи ҳинду» ва «Ҳоли ҳинду: Порча аз рисолаи адабиётшинос оид ба муносибати М.Турсунзода ба эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 31 май.
Дар борааш:
Таълими ўст ҷонфизоӣ: Роҷеъ ба фаъолияти муҳаққиқ, адабиётшинос Субҳон Амирқулов // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 28 апрел.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.