Масъалаҳои муҳоҷират дар китоби “Муҳоҷиратшиносӣ”
Ин китоб, ки чанде пештар нашр шуд, паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, таърихи пайдоиши шаклҳои гуногуни муҳоҷират, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ҳикоят мекунад. Муаллифони китоб М.Маҳмадбекзода, С.Мирзоев ва Ҳакимов буда, он бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст. Муаллифон дар муқаддима аз ҷумла овардаанд:
Муҳоҷирати аҳолӣ - ин тағйроти маҳали сукунати аҳолӣ буда, ба дигар намудани макони истиқомат иртибот дорад. Муҳоҷират яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии аҳолӣ буда, на танҳо чун ҳаракати механикии одамон, балки чун раванди мураккаби ҷамиятӣ ба ҳисоб рафта, ҷанбаҳои бисёри ҳаёти иҷтимоию сиёсиро дар бар мегирад.
Муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи башарият нақши барҷаста дошта, равандҳои сокиншавӣ, мавриди истифода қарор додани заминҳо, рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ташаккул ва омўзиши ирқу нажод, забон ва халқҳо ба он иртибот доранд. Омўзиши ин падидаи мураккаб ва серпаҳлў ба он хотир зарур аст, ки бо тағири ҷои зист зарурати дар муҳити нави табиӣ, сиёсӣ фарҳангӣ ва равонӣ одат намудан ва то андозае ба доираи зеҳнию ахлоқии сокинони он маҳал бе зарар ва мушкилӣ ворид шудан, бахусус масъалаи забон ва тариқи муошират бо аҳолии таҳҷоӣ, риояи урфу одатҳои онҳо аз омилҳоеанд, ки муҳоҷиронро ба мардуми таҷҳоӣ наздик месозанд.
Оқибати муҳоҷират дорои хусусиятҳои мусбӣ ва манфӣ мебошанд. Дуруст аст, ки дар даҳсолаи охир ҳодисаҳои охир маҳдудкунии ҳуқуқ, рафтори нораво нажодпарсатӣ ва миллатгароёна нисбат ба муҳоҷирон дар тамоми дунё афзоиш ёфтаанд. Мутаасифона, чунин рафтор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик низ истисно нест ва маҳз ҳамин омил боиси пайдоиши назари манфи ва масъалаи муҳоҷират гаштааст. Бояд таъкид намуд, ки мо ба муҳоҷират танҳо аз назари дарду ғаму кулфат нанигарем ва бештар ба паҳлўҳои мусбии он такя кунем, зеро чунин нигоҳ аксариятро аз мубриза барои пайдо намудани мавқеи худ дар зиндагӣ боз медорад.
Барои ҳамин ҳам, муҳоҷиронро пешакӣ аз лиҳози забон ва ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни кишвари мавриди муҳоҷират бояд омода намуд. Ҳамаи омилҳои муҳоҷират дар маҷмўъ ҳатман мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор дода, зарурати доман паҳн кардани муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муайян созем. Бинобар ин эҳтиёҷ барои таҳияи дастури методӣ, таҳқиқи асосҳои назариявӣ ва масоили амалии муҳоҷирати корӣ дар шароити муосир барои ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меояд. Муайян намудани таъсири муҳоҷират, моҳият ва хусусиятҳои асосии он қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва муайянкунандаи рафтори муҳоҷирони корӣ, масъалаҳои асосие ба ҳисоб мераванд, ки бояд омўхта шаванд.
Инчунин, баррасии масъалаҳои муҳоҷират дар давраи кунунӣ вобаста ба ҳолатҳои гуногун мавзўи доғи рўз аст. Дигаргуниҳои ҷамъиятии даҳсолаи охир вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоиро дар фазои пасошўравӣ комилан тағйир дода, миллионҳо одамонро муҳоҷирони иҷборӣ гардонидаанд. Дар тафовут аз кишварҳои пешрафта, ки замони авҷи муҳоҷиратро сипарӣ кардаанд ва бо муҳоҷирати доимӣ вобаста нестанд, Тоҷикистон ба анбўҳи муттасили муҳоҷират дар шароите рў ба рў гардидааст, ки иқтисоди он баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ дар вартаи буҳронӣ қарор дошт.
Омили муҳими дигар – ин омили демографӣ мебошад, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани суръати нисбатан баланди афзоиши табии аҳолӣ хос буда, ба мушкилии фаровонии захираҳои меҳнатӣ, ба шиддатнокии ҷараёни муҳоҷирати ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ тақвият мебахшад. Солҳои охир муҳоҷират хусусияти ҳамаҷонибаи муайяни иҷтимоию иқтисодӣ касб намуда, ба ҳаёти чомеа тағйирот ворид намуда, на танҳо ба сиёсати ҷории кишварҳои соҳибистиқлол таъсир мерасонад, балки хусусиятҳои шахсии онҳоеро, ки ба ҳудудхои дигар аз пайи зиндагии ором ва ояндаи беҳтар ҳиҷрат мекунанд, тағир медиҳад.
Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳимро мебозад, аз ин сабаб сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе қайдгирии ин падида номумкин аст.
Яке аз вазифаҳои муҳоҷирати аҳолӣ –ин баланд бардоштани зудҳаракатии одамон аст, ки ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияташон таъсир мерасонад, аз ҷиҳати иҷтимоӣ қонеъ мегардонад, ҷаҳонбиниашонро васеъ менамояд. Зудҳаракатии аҳолӣ омили муҳими инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва талаботи он аст. Яке аз шаклҳои фаъолгардонии ҳиҷрати аҳолӣ, тайёр намудани кадрҳои ихтисосманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Меҳрангез Муҳаббатова