Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст. Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.
Соҳаи китобдории тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ пайваста рушд менамояд ва дар фаъолияти хеш аз дастовардҳои соҳавии кишварҳои тараққикарда ҳамеша бархўдор аст. Навгониҳои соҳавие, ки имрўз мавриди истифода қарор мегиранд, албатта, бо кўшишу заҳматҳои зиёди олимону мутахассисон ва бо таъсири тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ амалӣ мегарданд. Олимону мутахассисон аз ғамхории пайвастаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бархўрдоранд ва дар ҳалли мушкилиҳо, аз ҷумла, омўзишу таҳқиқи раванҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ, мутобиқ ва ҷоринамоии навгониҳо, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои замонавӣ, бунёди захоири рақамӣ ва китобхонаҳои электронӣ ва ғайра саҳми хешро мегузоранд. Аллакай дар самтҳои таҳқиқи проблемаҳои назариявии китобхонашиносӣ ва библиографишиносии тоҷик аз ҷумла, ташаккулдиҳии заминаи меъёриву ҳуқуқӣ таҳияи консепсияҳо, барномаҳои рушд ва маводи илмию таълимӣ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардиданд.
Фирўза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос.