Таърихи адабиёти ҷаҳон. Адабиёти Руми Бостон
Ҷамъияти ғуломдории Рум ҳамон зинаҳои инкишофро аз сар гузаронидааст, ки Юнон гузаронида буд. Аммо ба таъбири Ф. Энгелс ҳамин ҷараён ё зинаи инкишоф дар сатҳи олӣ такрор шудааст. Руми Қадим аз давлатҳои зиёд, аз ҷумла, аз Юнон маданияти қадимро омўхтааст. Румиён аз адабиёти Юнон ба саволу дархостҳои зиёди худ ҷавоб ёфта, жанрҳои асосӣ, образҳо, сюжетҳо, шаклҳои адабиеро, ки барои адабиёташон хос буд, истифода кардаанд.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама адабиёти Рум адабиёти тақлидӣ набуда, дар асоси характер ва хусусияти ҷамъияти ғуломдории Рум инкишоф ёфтааст. Дар шаклгирии адабёти Рум эҷодиёти шифоҳии мардуми қадими Италия низ таъсири бузург расонидааст.
Дар охири асри IV (то мелод) Рум як қатор давлатҳои дигарро низ ба тасарруфи худ медарорад. Давлати Рум ҷанги тўлонӣ ва шадиди Карфагенро аз сар гузаронидааст, ки ба ғалабаи румиён анҷом ёфтаву мавқеи имро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хеле мустаҳкам кардааст.
Адибони Рум дар эҷодиёташон асосан ба таҷрибаи бадеии юнониён такя кардаанд. Нахустин асари адабиёти Рум тарҷумаи лотинии «Одиссея» буд, ки аз тарафи Ливий Андроник сурат гирифтааст. Ғайр аз ин Ливий Андроник фоҷианома ва комедия низ эҷод намудааст, ки танҳо порчаҳои он боқӣ мондаанд.
Адиби дигари Рум Гней Невий буд, ки кўшиши эҷоди комедияҳои сиёсӣ намудаасту ба зудӣ аз ин роҳ баргаштааст, чунки танқиди давлати Рум ғайриимкон буд. Гней Невий инчунин ҳамчун муаллифи фоҷианомаҳо дар мавзўи Рум машҳур аст.
Адиби дигари Рум Квинт Энний буд, ки бо истифодаи образҳои традегияи Юнон як қатор фоҷианомаҳо навиштааст. Ба Квинт Энний эпоси ў «Таърихнома» аз 18 китоб иборат буда, аз он танҳо порчаҳои ҷудогона боқӣ мондааст. Квинт Энний инчунин муаллифи достони «Стсипион» мебошад, ки ба шарафи лашкаркаши Рум навишта шудааст.
Тезутундшавии муборизаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар нимаи дуюми асри II то милод дар Рум ба ҷанг оварда расонд, ки то солҳои 30 –юми асри I давом кард. Ҳамон давра ғуломон низ пайдарпай шўриш мебардоштанд. Аз ҷумла, шўриши ғуломон бо роҳбарии Спартак аст, ки доираи хеле васеи ғуломонро дар бар гирифта буд. Дар ҳамин давра муборизаи иҷтимоӣ байни сарватмандону нодорон боло меравад ва бўҳрони сиёсии Рум оғоз меёбад.
Дар ҳамин шароити ноустувор мақсадҳои шўҳратпарастии ду нафар лашкарони Рум – Сулла ва Сезар зоҳир мешавад. Ба ҳар дуи онҳо муяссар шудааст, ки чанде ҳокимиятро ба даст гиранд ва диктатураи ҳарбиро барқарор намоянд.
Дар соли 44 то солшумории мо дар натиҷаи сўиқасди ҷумҳурихоҳон Сезар кушта мешавад. Аммо мубориза барои ҳокимият бо ин хотима намеёбад. Дар арсаи сиёсии Рум чеҳраи яке аз тарафдорони Сезар Октавиан намудор мегардад. Октавиан мавқеъ ва таъсири худро дар натиҷаи ғалаба бар лашкари ҷумҳурихоҳони Брут ва Кассий дар муҳорибаи назди Флип ва дар ҷанги назди Аксия ба муқобили душмани сиёсии худ Антоний хеле пурзўр намуда буд.
Октавиан баъди ғалаба бар Антоний ва забт намудани Миср ба ҷанги дохилӣ хотима медиҳад ва дар Рум сулҳро пойдор менамояд.
Дар ҳамин гуна шароит дар Рум асарҳои адабӣ пайдо мешаванд ва муаллифони онҳо кўшиши ҳалли масъалаҳои дарднокеро намудаанд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои пурошўби сиёсӣ пайдо шуда буданд. Дар радифи инкишофи жанри адабие чун драмаи миллии Рум, ҳаҷви Лусилий, инчунин, санъати суханварӣ, назми фалсафӣ ва лирика низ аҳамият пайдо мекунанд.
Октивиан, ки дар натиҷаи ғалаба бар Антоний ба сари қудрат омадааст, дар Рум диктатураи ҳарбиро ҷорӣ намуд ва ў баъд номи Принсипатро гирифт. Октавиан, ки барояш лақаби фахрии Августро дода буданд, шаклан хусусиятҳои ҷумҳуриро нигоҳ дошт.
Аммо моҳиятан шакли давлатдории ў ҳамон шакли диктаторӣ дар либоси ҷумҳурӣ буд, ки ғуломдорони Рум воситаи ягонаи нигоҳ доштани ҳукмронии худро аз болои ғуломон пайдо намуданд. Дар чунин шароит адабиёти Рум хусусияти дигар касб мекунад. Дар назм ду ҷараёни асосӣ – расмӣ ва оппозитсионӣ ба назар мерасид.
Ҷараёни аввал бо шўҳрати Август ва тарзи идоракунии ў, таърифу тавсифи шахсият ва оилаи ў вобаста аст. Ин хусусият барои маҳфили адабии Гай Силний Метсенат, ки ҳимоятгари сарватманди санъат ва наздиктарин рафиқи Август буд, алоқаманд аст. Ба ҳамин маҳфили Метсенат шоирони бузурги Рум – Вергилий ва Ҳоратский низ ворид буданд.
Ҳамчунин ҷараёни оппозитсионӣ низ мавҷуд буд, ки ба он Корвин Мессала роҳбарӣ мекард. Ба ҷараёни аввал таърихнигори бузурги Рум Тип Ливий ва ба ҷараёни дуввум драматург, нотиқ ва таърихнигор Авиний Поллион наздикӣ доштанд.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.