Сад соли пири журналистони тоҷик

Устод Асрорӣ сазовори ҳамин унвонанд, яъне ба маънои том УСТОД!

Пири ҳамаи журналистони тоҷик, поягузори мактаби назариявиву амалии журналистика, асосгузору шуъбаву факултаи журналистика дар кишвар.  Бе ёди устод Асрорӣ наметавон таърихи журнаилистикаи тоҷикро навишт.

Устод Асрорӣ ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шуда. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони адабиёт ва илм бо шеър ворид шуд ва аввалин чакидаҳои хомааш дар бораи Тоҷикистон буданд.

Ёде аз адиби ориф ва хушбаён

Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта  мехонем:           

БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик,

Нависандаи маъруфи рус Михаил Задорнов тарки олам кард

Михаил Задорнов,- адиби ҳаҷвнигори рус баъди зуҳри дирӯз дар остонаи 70-солагӣ аз олам даргузашт. Адиби маъруф муддати тӯлонӣ аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид.  Мегӯянд вақтҳои охир вай ҳатто аз табобати дар бемористон ҳам даст кашид, чун мехост бештар бо пайвандону дӯстонаш бошад. Шояд адиб дигар бовар карда буд, ки аз ин касалӣ раҳоӣ надорад ва ҳама гуна кимиётабобатиҳо беҳудаанд.  

Вай аслан бемории худро шаҳр ҳам намедод, аз суолот дар маврид канораҷӯӣ мекард ва намехост таваҷҷуҳи расонаҳо ба масъалаҳои шахсиву саломатии вай кашида шавад.

Абдусалом Мирализода: Қонунмеҳварии мардум кишварро аз қолабҳои шахшудаи хурофотӣ наҷот дод

Бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” субҳи рӯзи 10-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд.  

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор  Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ роҷеъ ба қонуни мазкур ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт: “Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар 

Тирамоҳи заррин аз нигоҳи атфол

Дар даҳаи аввали моҳи сеюми тирамоҳ хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон тасаввури худро дар бораи ин фасли заррини сол рӯйи коғаз рехтанд ва ҳар гуна тасвирҳои тирамоҳӣ бардоштанд. Маълум шуд, ки бачаҳо ғайр аз хазонрез дар бораи тирамоҳ боз чизҳои зиёди дигар ҳам медонанд.

Тирамоҳи зарнисор,

Аҳамияти арзишҳои миллӣ дар ташаккули ҳаёти маънавии ҷавонон

Чунин ном дошти мизи мудаввар, ки баъди зуҳри дирӯз бо ташаббуси Маркази Тоҷикшиносӣ бахши дар Соли ҷавонон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова, ки мизи мудавварро ифтитоҳ мекард, дар бораи  ҳам Соли ҷавонон ва ҳам Рӯзи Костутисияи кишвар сухан ронд ва гуфт, сиёсати

Страницы