Чунин ном дошти мизи мудаввар, ки баъди зуҳри дирӯз бо ташаббуси Маркази Тоҷикшиносӣ бахши дар Соли ҷавонон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова, ки мизи мудавварро ифтитоҳ мекард, дар бораи ҳам Соли ҷавонон ва ҳам Рӯзи Костутисияи кишвар сухан ронд ва гуфт, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис шуд, ки тӯли як сол ба шарофати Рӯзи ҷавонон мо тавонистем як силсила чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ кунем. Ва ҳадафи ин чорабиниҳо барҷастатар нишон додани саҳми ҷавонон дар пешрафту рушди ҷомеа аст.
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ дар мавзуи “Арзишҳои миллӣ ва ташаккули хештаншиносии ҷавонон” суханронӣ кард. Номбурда бештар ба он таваҷҷуҳ намуд, ки худшиносӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ падидаи хеле муҳим аст. Чолишҳои минтақавиву ҷаҳонӣ водор мекунанд, миллат ҳам вориди сиёсатҳои ҷаҳонӣ шавад, то мавқеъи сиёсии худро дар ҷомеаи байналмилалӣ аз ласт надиҳад ва ҳам худ ва арзишҳои миллии хешро гум накунад.
Сардори раёсати сиёсати хориҷӣ ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдулло Раҳнамо дар мавзуи “Равишҳои тарбияи арзишҳои миллӣ дар муҳити ҷавонон” ҳарф зад.
Мавзуъи суҳбати Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Умар Хонзода “Нақши арзишҳои маънавӣ дар тарбияи ҷавонон” буд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин мизи мудаввар бо ширкати васеъи донишмандон ва пажуҳишгарон баргузор шуд.
Дар поён миёни иштирокдорон ва меҳмонон дар атрофи мавзуъҳои мавриди баррасӣ қароргирифта табодули афкор сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО